Бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шаҳри Маскави Русия Таҳмина Олимова, зане, ки бо гумони қаллобӣ бо миқдори махсусан калон дар ҷустуҷӯй қарор дошт, боздошт гардидааст. Дар ин бора Бюрои миллии “Интерпол”-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукаш хабар додааст.

Манбаъ навиштааст, ки Таҳмина Олимова аз моҳи август то декабри соли 2022 ба боварии чанд нафар даромада, аз онҳо беш аз 3 млн рубли Русияро гирифта, ваъда додааст, ки онро бо қурби мусоиди асъори хориҷӣ иваз мекунад. Вале маблағро аз худ  карда, ба Русия фирор кардааст.

«Ӯ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт. Дар натиҷаи ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва Тоҷикистон макони будубоши зан муайян гардида, ӯ дастгир карда шуд. Дар ҳоли ҳозир масъалаи истирдоди боздоштшуда ба Тоҷикистон барррасӣ шуда истодааст”, - омадааст дар хабар.

Ӯро кормандони Бюрои миллии марказии Интерполи Вазорати корҳои дохилии Русия дар якҷоягӣ бо кормандони фаврии Сарраёсати ВКД Русия дастгир кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.