Дар давоми солҳои 2020-2022 ва нимсолаи аввали соли 2023 аз ҷониби додситонҳои Тоҷикистон баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои вобаста ба замин ба унвони шахсони мансабдор 8435 амр, 4149 пешниҳод ва ба қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо 4066 эътироз овардаанд.
Дар ин бора сомонаи Додситонии кулли Тоҷикистон аз ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи ин ниҳод, ки 24 ноябр бо иштироки намояндагони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии замин ва геодезӣ, Вазорати корхои дохилӣ ва додситонҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо баргузор гардидааст, хабар медиҳад.
Ба навиштаи ин ниҳод, дар ин давра ҳамчунин, 3864 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ, 16716 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Нисбати онҳо 3696 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва майдони 49151,72 гектар заминҳои худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашуда ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.
Гуфта мешавад, ки дар пайи ин ҷаласа Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар барои ислоҳи камбудиҳо ва пурзӯр кардани назорати додситонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода ва қарорҳои дахлдор қабул шудааст.
Аммо дар аз қарорҳои қабулшуда мушаххасан чизе гуфта нашудааст.
Тавре коршиносон қайд мекунанд, тақсими замин дар Тоҷикистон яке аз сарчашмаҳои аслии ҷиноятҳои коррупсионӣ маҳсуб мешавад.
Ҳамасола дар Тоҷикистон даҳҳо мансабдор ҳангоми гирифтани пора маҳз ҳангоми ҷудо кардани қитъаи замин дастгир мешаванд, аммо ин пеши роҳи амалҳои фасодкоронаро пурра гирифта наметавонад.




Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста