Сафорати Тоҷикистон дар Эрон барои муайян кардани шахсияти як зодаи Тоҷикистон, ки ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, дар таркише дар Кирмон муттаҳам мешавад, ба ниҳоди дахлдори Эрон ёддошт равон кардааст. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Asia-Plus” хабар доданд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, дархости расмӣ билфосила баъди ҳодиса ва эълони он ки дар он як зодаи Тоҷикистон даст дорад, исрол карда шуд ва онҳо интизори посух аз ҷониби Эрон ҳастанд.
“Сафорати Тоҷикистон дар Эрон вобаста ба ҳодисаи мазкур, аз ҷумла муайян кардани шахсияти як зодаи Тоҷикистон, ки дар ин ҳодиса даст дорад, бо ниҳодҳои дахлдори Эрон ҳамкорӣ доранд ва ин ҳодиса зери назорати ин ниҳоди дипломатии мо қарор дорад”, - гуфтанд аз ВКХ.
Дар пайи амали террористӣ, ки нимаи дуюми рӯзи 3-юми январ дар наздикии оромгоҳи фармондеҳи Нерӯҳои таъиноти махсуси “Ал-Қудс”-и сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ, дар музофоти Кирмони Эрон, содир шуд, 89 нафар кушта ва садҳо нафар захмӣ шудаанд.
Масъулияти ин амалиёти террористиро гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё худ ДОИШ ба дӯш гирифт. Дар изҳороти ин гурӯҳ дар Telegram-канали ДОИШ зикр шуд, ки ду нафар узви ин гурӯҳ рӯзи 3-юми январ дар қабристони воқеъ дар шаҳри Кирмон камарбандҳо бо маводи таркандаро ба кор даровардаанд.
ДОИШ таркишҳо дар Кирмонро “идомаи муборизаи худ бар зидди шиаҳо” номид. Ин таркишҳо барои Эрон хунбортарин ҳамла аз замони Инқилоби исломии соли 1979 мебошанд.
Дертар Вазорати иттилоот ва амнияти миллии Эрон хабар дод, ки яке аз маргталабон шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Дар бораи шахсияти ӯ маълумот дода намешавад. Шахсияти маргталаби дуюм ҳоло маълум нашудааст.
Хабаргузории IRNA аз қавли Додситони минтақавии музофоти Кимрони Эрон Маҳдӣ Бахшӣ хабар дод, дар пайи таркиш дар Кирмон 23 маргталаби “Давлати исломӣ” ба ҳабс гирифта шуда, 16 бомбҳои худсохт мусодира шудааст.
Маҳдӣ Бахшӣ саҳеҳан нагуфтааст, ки мақомоти кишвар кай гумонбаронро боздошту кай таҷҳизоти таркандаро дарёфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан низ ВКХ Тоҷикистон барои дарёфти маълумоти бештар дар бораи як гумонбари таркиш дар Шабчароғи Эрон, ки гуфта мешуд шаҳрванди Тоҷикистон аст, дархости расмӣ ирсол карда буд. Вале дар бораи посухи ин мактуб хабар дода намешавад.
Дар моҳи сентяри соли 2023 ин гумонбар ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Беш аз 22 млн сомонӣ. Ҳизбҳои ба парлумон роҳёфта аз буҷаи давлат чанд сомонӣ мегиранд?
Соҳибтаҷрибае бо донишҳои муосир мусаллаҳ. Рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён 65-сола шуд
Дар семоҳаи аввали сол ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон кам шуд
“Охирин монеа бартараф шуд”. Толибон аз қарори хориҷи номи ин гурӯҳ аз рӯйхати созмонҳои мамнӯи Русия истиқбол карданд
Дар Тоҷикистон 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Як духтари 10-сола дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Наздиконаш барои дарёфти ӯ мадад мепурсанд
Муборизаи 128 варзишгар барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе
“Парасту-2025”. Намоишномаҳои “Ахтаре дар Хатлонзамин” ва “Келини ҷойдорӣ” ба бинанда чӣ паём доштанд?
"Толибон" дар Русия дигар созмони террористӣ нест. Додгоҳ ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонҳои мамнуъ берун кард
Муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон ба буҷаи Русия 2,5 млрд рубл фоида овардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста