Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати 2 блогер - Сомон Ғафурзода ва Наврӯз Гулзода ба гумони даст доштан дар қаллобӣ ба миқдори ниҳоят зиёд парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.

Тавре ки маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) ҳанӯз 8 ноябри соли 2023 боз шуда, аммо Прокуратура дар ин бора 10 январ хабар медиҳад.

Дар хабар зикр мегардад, ки блогерони зикршуда - сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дар шабакаи YouTube каналҳои "SOMONOfficial" ва "МАКSIМ ТV" кушода, бозии лотерея ташкил кардаанд ва ба сифати бурдҳо автомашинаҳои Kia K5 , Toyota Camry ва Hyundai Sonata гузоштаанд.

“Бо ваъдаи фурӯхтани автомашинаҳо аз лотерея бо нархҳои паст, Ғафурзода ва Гулзода бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон 180 ҳазору 500 сомонӣ ва 230 ҳазору 200 сомонӣ гирифтаанд. Дар натиҷа зарари умумӣ 590 ҳазору 700 сомониро ташкил додааст”, - гуфта мешавад дар хабар.

Ба онҳо ҷарима ба маблағи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда 72 сомонӣ) ё ҷазои аз 18 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Қобили зикр аст, ки ду канали зикршуда - SOMONOfficial ва МАКSIМ ТV то ҳол дар шабакаи YouTube дастрасанд.

Ҳамчунин зикр мешавад, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон фаъолиятро дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои қаллобие, ки бо истифода аз интернет содир мешаванд, пурзӯр мекунад.

Ин ниҳод аз як қатор далелҳои боз шудани парвандаҳои ҷиноятии марбут ба қаллобӣ ба воситаи интернет тайи солҳои ахир мисол овардааст.

Гуфта мешавад, бахусус одамон аз тариқи видеоролик аз номи ширкати “Газпромнефт” дар бораи имкони иштирок дар биржаи ҷаҳонӣ ва даромад ба даст овардан аз ҳисоби харидани саҳмияҳои он фиреб мехӯранд.

“Зери таъсири ин реклама шаҳрвандон тариқи ҳамёни электронӣ тибқи шартҳои пешниҳодшуда ба номи шахсони номаълум маблағҳои зиёд интиқол додаанд”, - таъкид мешавад дар хабар.

Прокуратураи генералӣ аз шаҳрвандон-корбарони Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ даъват мекунад, ки ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Ҳангоми истифодаи Интернет, қабули иттилоот ё тамошои видеороликҳо, бахусус вақти иштирок дар онлайн-бозиҳо, лотерея ё харидҳо дар мағозаҳои интернетӣ набояд ҳушёриро аз даст дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.