Дар шаҳри Душанбе 3 нафар ҷавонзанон барои вайрони кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар маркази дилхушии «Сайёра» боздошт шуданд.
Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, кормандони милитсияи пойтахт бо истифода аз маводи видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ шахсияти ин ҷавонзанонро муайян кардаанд: Мадина Пироваи 26-сола, Таманно Ҳасановаи 24-сола - ҳарду сокини шаҳри Турсунзода ва Фархунда Қурбоноваи 27-сола - сокини шаҳри Ҳисор.
“Муайян карда шудааст, ки рӯзи 16 январ ҳангоми дар маркази дилхушии «Сайёра», воқеъ дар кӯчаи Яккачинор қарор доштан, онҳо нисбати муҳофизони тарабхонаи мазкур дашному ҳақорат намуда, бо алфози кабеҳ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд”, - зикр мешавад дар хабар.
Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳар се дастгиршуда тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки суд дар навбати худ нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин намуд.





Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста