Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз хуруҷи 4378 қарздор аз кишвар, номи онҳоро дар “Рӯйхати сиёҳ” ворид кардааст.
Дар ин бора Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷро зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба қавли Барно Саидвализода, танҳо дар соли 2023 ба ин рӯйхат номи 1573 шахсони воқеӣ ва 54 шахсони ҳуқуқӣ илова шудааст.
“Дар соли 2023 – 1809 нафар қарздорон (20222 – 800) сарҳадҳои кишварро убур карда натавониста, маблағҳои бо ҳуҷҷатҳои иҷро таъингардидаро ба андозаи 17 млн 900 ҳазор сомонӣ (2022 – 6 млн. 200 ҳазор сомонӣ) пардохт намуданд, ки назар ба соли 2022 ба маблағи 11 млн 700 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад”, - гуфт Барно Саидвализода.
Бояд гуфт, ба ин рӯйхат номи онҳое ворид карда мешавад, ки ё аз пардохти алимент саркашӣ кардаанд ё қарзашон аз даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2024 ба 72 сомонӣ баробар аст) бештар аст.

Онҳое, ки номашон ба ин рӯйхати Хадамоти иҷро ворид мешавад, наметавонанд хоки кишварро тарк кунанд. Ин маҳдудият муваққатӣ буда, дар ҳолати пардохти қарз, бекор карда мешавад.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста