Баъди санҷиши тахассусӣ ё аттестатсия 83 нозири Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз кор озод шуда, садҳо нафар ба вазифаи пасттар таъин шудаанд ва боз даҳҳо нафари дигар ҷазои интизомӣ гирифтаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимнни нишасти матбуотӣ гуфт, “дар пайи аттестатсияи кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автобилӣ 83 нозир аз кор озод шуданд”.

Илова бар ин, тибқи иттилои як манбаъи дигари “Азия-Плюс”, дар пайи санҷиши тахассусӣ беш аз 270 нафар аз вазифаҳои ишғолкарда озод ва ба вазифаи пасттар таъин гардида, беш аз 450 нафар ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд ва даҳҳо нафари дигар ҷазоҳои интизомӣ гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, тобистони соли 2023 аз ҳолатҳои зиёди қонунушиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат нигаронӣ карда, ҷиҳати тоза намудани сафи ҳайати шахсии БДА супориш дода буд, ки тамоми кормандони он аз аттестатсия гузаронида шаванд.

Он замони президент Суҳроб Қурбонзода, сардори БДА-ро, ки ҳамагӣ як сол пеш ба ин вазифа таъин гардида буд, аз вазифа озод ва  ба ҷои ӯ Рустам Мирзомуродзодаро сардори БДА таъин кард.

Дар пайи ин, ҷазо барои рондани мошин бо рақамҳои қалбакӣ ё рондани мошини шахси дигар сангинтар шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.