Дар робита ба рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” 2 нафари дигар дар пайгард қарор дошта, яке аз онҳо дар Амрико боздошт шудааст. Ҳоло масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Дар маҷмӯъ, барои содир кардани ин ҷиноят 18 нафар гумонбар мешаванд. Дар ин бора Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Номбурда гуфт, ба истиснои 14 нафаре, ки ҳоло дар курсии айбдорӣ нишастаанд, боз ду нафари дигар то ҳол дар пайгард буда, 1 кас дар боздоштгоҳ аз беморӣ фавтид ва 1 нафари дигар дар пайи даргирии мусаллаҳона дар Малодова кушта шуд.

Нафари дар Молдова кушташуда Рустам Ашӯров аст, ки рӯзи 30-юми июн вақте барои убури марз ва ворид шудан ба давлати Молдова посухи рад гирифт, ду афсари амнияти фурудгоҳи Кишинёвро бо истифода аз силоҳи худи онҳо ба қатл расонид. Ҳангоми амалиёти дастгиркунии мақомоти Молдова худи Рустам Ашӯров низ захмӣ шуд ва дертар дар беморхона ҷон дод.

Як масъули таҳқиқи парванда аз Додситонии кул исми нафароне, ки дар ҷусутҷӯй қарор доранд, пешниҳод кард.

Яке аз онҳо Бойторов Алишер Сабзаалиевичи 45-сола мебошад, ки сокини шаҳри Душанбе аст. Ӯ ҳоло дар Ҷумҳурии Полша қарор дошта, аз 6-уми октябри соли 2023 дар ҷустуҷӯи байналилалӣ қарор дорад. Ӯ то ҳол боздошт нашудааст.

Ба зидди ӯ барои одамрабоӣ ё моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Аз додситонӣ гуфтанд, Бойторов Алишер нафаре аст, ки барои одамрабоӣ мошин харидааст ва навори мошинхарии ӯ бо ниқоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам паҳн шуда буд.

Нафари дуввум Муминов Фирӯз Фаттоевич, сокини ноҳияи Шаҳринав, ки айни ҳол дар Амрико дастгир шуда, масъалаи истирдодаш ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад. Ӯ аз 25-уми августи соли 2023 дар ҷустуҷӯ қарор дошт.

Бар зидди Муминов Фирӯз бо моддаи куштор ва одамрабоӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Фирӯз Муминов

Нафаре, ки баъди боздошт дар боздоштгоҳ фавтидааст, Мустафоқулов Парвиз Адҳамович, сокини шаҳри Панҷакент мебошад.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 25-уми август ҳоли ӯ дар боздоштгоҳ якбора бад мешавад ва ӯро ба муассисаи табобатии 3/13 мебаранд. Баъди се рӯз – 28-уми август ӯ дар ин муассисаи тиббӣ дар пайи бемории пневманияи музмини шушҳо мефавтад.

Бар зидди ӯ барои хабар надодан оид ба ҷиноят ё моддаи 347-и Қодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда буд.

Дирӯз, Шермуҳаммади Шоҳинё, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон расман ҷузъиёти рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоевро ба рӯзноманигорон ироа кард ва гуфт, дар доираи парвандаи Шуҳрат Исматуллоев 14 нафар дар курсии айбдоркунӣ нишастаанд.

Аз чап ба рост: Дилшод Саидмуродов, Акбар Ахмедов, Шоҳрух Хӯҷаев ва Рустам Ашуров

Ҳоло баррасии парванда дар Боздоштгоҳи №1 ё ба истилоҳ “СИЗО” зери назари Додгоҳи олии Тоҷикистон идома дорад. Раиси Суди олӣ паси дарҳои баста ва дар “СИЗО” баргузор кардани мурофиаи ин парвандаро ба зиёд будани гумонбарон ва набудани толори муносиб дар Додгоҳи олӣ рабт дод.

Ба гуфтаи Шоҳиён, қатли Шуҳрат Исматуллоев ба сохтмони бинои баландошёна бо Қамаруззамон Азизов, яке аз шарикони тиҷоратии ӯ рабт дорад.

Ӯ гуфт, баъди дар ҳолати ногувори молиявӣ қарор гирифтан, Азизов ба Дилшод Саидмурод (Дилшоди СБ) маълумот медиҳад, ки “гӯё Исматулооев ба арзиши зиёда аз 2 миллиард доллар криптовалюта дорад”.

“Қамаруззамон Азизов ва Дилшод Саидмурод гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ созмон дода, ба тарзу усули кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амал карда, нақша кашидаанд, ки Исматуллоевро рабуда, бо истифодаи зӯроварӣ ва шиканҷа маблағҳояшро тасарруф карда, ӯро ба қатл мерасонанд. Барои амалӣ кардани ин ҷоният Қамаруззамон Азизов ба Дилшод Саидмурод 1 миллиону 500 ҳазор доллар ваъда медиҳад”, - гуфт Шоҳиён.

Дар бораи ҷузъиёти бештари ин парванда аз мақолаи “Сирри махфӣ нест”. Аз “А” то “Я”-и қазияи рабудан ва қатли бонкдори тоҷик Шуҳрат Исматуллоев” маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.