Як мансабдори тоҷикро барои ба соҳибкорӣ машғул шудан, фиреби соҳибкорон бо истифода аз мансаб ва аз худ кардани миллионҳо сомонӣ боздошт кардаанд.
Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад, ки М. Асоев, директори КВД «Тоҷагропромэкспорт»-и Агентии содироти Тоҷикистонро барои машғул шудан ба соҳибкорӣ ва азхуд кардани ҳазорҳо сомонӣ маблағи буҷет боздошт шудааст.
Ин ниҳод навиштааст, ки Асоев дар чанд ҳолат қонуншиканӣ карда, маблағҳои соҳибкорон ва буҷетро тасарруф кардааст.
Масъулини Оҷонсии зиддифасод гуфтаанд, ки ӯ дар давраи роҳбари КВД «Тоҷагропромэкспорт» будан, дар як вақт роҳбарии ду ширкат- ҶДММ «Субҳи Сарбанд» ва ҶДММ “Оли Сомон”-ро ба уҳда дошта, ду ширкатро 1,5 млн сомонӣ аз андоз қарздор кардааст.
Тибқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон мансабдори давлатӣ наметавонад, ки ба соҳибкорӣ машғул шавад.
“Асоев М.С. ғайриқонунӣ аз номи ширкатҳои болозикр (ҶДММ «Субҳи Сарбанд» ва ҶДММ “Оли Сомон” дар назар аст, - муаллиф) тамоми амалиётҳои молию пулиро бо хоҷагиҳои деҳқонии истеҳсолкунандаи пахта ва дигар субъектҳои хоҷагидории вилояти Хатлон шахсан анҷом дода, аз ин ҳисоб фоидаи муфт ба даст оварда, пардохти маблағи андозҳои ҳисобшударо таъмин накарда, аз ин ҳисоб ҷамъиятҳоро дар назди давлат ба маблағи 1 501 334 сомонӣ қарздор намудааст”. – менависад Оҷонсии зиддифасоди кишвар.
Ин ниҳод хабар додааст, ки ғайр аз ин, Асоев бо истифода аз вазифааш (роҳбари КВД «Тоҷагропромэкспорт» дар назар аст, - муаллиф) аз як соҳибкор барои фурухтани нахи пахта 800 ҳазор доллари ИМА ё 9 млн 40 ҳазор сомонӣ гирифта, ӯро фиреб додааст.
Ҳамчунин, Асоев 332 ҳазору 546 сомонӣ маблағ аз ҳисоби фурӯш ва ба хориҷи кишвар содирот намудани ангиштсангро қасдан “ба кисааш зада”, ба гуфтаи мақомот “ба давлат зарари махсусан калон расонидааст”.
Оҷонсии зиддифасод бар зидди ин мансабдори давлатӣ бо 4 моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла, исрофкорӣ ё моддаи 245 қисми 4 банди “б”, қаллобӣ ба миқдори махсусан калон ё моддаи 247 қисми 4 банди “б”, ташкил ғайриқонунии шахси ҳуқуқӣ ё моддаи 260 қисми 2 банди “а” ва сохтакорӣ ё моддаи 340 қисми 2 банди “в” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол намудааст.
Ин бандоҳои Кодекси ҷиноятӣ аз ҷаримаҳои ҳангуфт то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Мавқеи Асоев, наздикон ва вакили дифои ӯ ба ин иттиҳоми мақомот маълум нест. Ҳамин тариқ маълум нест, ки ӯ кай боздошт шуд ва аз вазифа озод шудааст ё не.
Оҷонсии зиддифасод хабари боздошти ин мансабдори тоҷикро дирӯз, 25-уми март нашр кард.
Бодя гуфт, ки Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷагропромэкспорт” бо қарори ҳукумати кишвар 27 майи соли 2020 дар назди Оҷонсии содирот таъсис ёфта, масълаҳои харид, захира, нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва содироти маҳсулоти рақобатпазири ватаниро ба хориҷи кишвар амалӣ менамояд.





Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста