Нисбат ба волидони хонандагони мактаби №66-и шаҳри Душанбе барои паст задани шаъну эътибори муаллим протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шудааст, ки дар он омӯзгор як хонандаро сарзаниш мекунад.
Гуфта мешавад, зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки ҳодисаи мазкур рӯзи 24-уми майи соли равон дар мактаби таҳсилоти умумии №66-и ноҳияи Синои пойтахт рух додааст.
“Омӯзгори фанни математика Ҳотам Ғоибов ба амалу рафтори ноҷои хонанда ва надоштани лавозимоти хониш эрод гирифта, бо мақсади ислоҳ ӯро сарзаниш кардааст, ки ин танҳо ғамхории падаронаи ӯстод нисбати хонанда аст”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, хонандаи дигар бо истифода аз бемасъулиятии волидайн ба мактаб телефони мобилӣ оварда, бо мақсади паст задани шаъну шарафи устод онро наворбардорӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудааст. Ҳамзамон, аз ҷониби дигар хонандагон низ раванди дарс халалдор гаштааст
Вобаста ба ин нисбати волидайни 4-нафар хонанда, барои зоҳир намудани бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзанд тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки волидони толибилмон метавонанд дар ҳаҷми аз 3 то 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда - 72 сомонӣ) ҷарима шаванд.
Ҳамзамон нисбати муаллим низ ҷиҳати минбаъд муносибати бодиққатона бо хонандагон ва риояи низоми таҳсилот корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.