Додгоҳи вилояти Хатлон Юсуф Солеҳов (Ҷӯрабек), муҳофизи фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Хӯҷа-Командирро барои куштори беш аз 20 узви як оила 15 сол равонаи зиндон кард. Қаблан, додгоҳ ӯро ба 8 соли (дар баъзе манбаъҳо 12 сол-аз идора) зиндон маҳкум кард, вале баъди эътирози Додситонии вилояти Хатлон Додгоҳи олӣ ҳукмро бекор ва барои бозбинӣ ирсол карда буд.
Қаблан, наздикони оилаи кушташуда низ ҳукми додгоҳро нисбати Юсуф Солеҳов “сабук” дониста, бозбинии онро талаб карда буданд.
Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони додситони вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки додситонии вилоят ҳукми додгоҳи вилоятро нисбати Юсуф Солеҳов, ки моҳи январи соли 2024-ум 8 сол аз озоди маҳрум карда буд, сабук дониста, эътироз оварда буд.
Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа Додгоҳи олии кишвар эътирози додистонии вилоятро қонеъ карда, ҳукми додгоҳи вилоятро нисбати Юсуф Солеҳов бекор кард ва парвандаро барои баррасии иловагӣ ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристод.
“Суди вилояти Хатлон парвандаро аз нав баррасӣ карда, рӯзи 25 майи соли равон Юсуф Солиҳовро бо моддаҳои 104, 156 (таҳрири соли 1961) ва 255 (таҳрири соли 1998) –и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбдор дониста, ӯро ба муҳлати 15 сол дар колонияи низомаш пурзур аз озоди маҳрум кард”, - гуфт Варқа Зайниддин.
Ба иттилои номбурда, Юсуф Солиҳов “14-уми октябри соли 1992 бо як гурӯҳи силоҳбадаст бо мақсади тасаруфу ғорат ба деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон ба хонаи Абдуллоевҳо рафта, бо бераҳмии махсусс 23 узви ин оиларо, ки дар байнашон занон, аз ҷумла зани ҳомила ва ноболиғон буданд, ба қатл расонида, баъдан ба хотири пинҳон кардани ҷинояташон ҷасадҳо ва хонаро оташ задаанд”.
Баъдан, Юсуф Солиҳов ва ҳаммаслаконаш аз қаламрави Тоҷикистон берун рафтаанд. Бо дархости Додситонии куллли Тоҷикистон моҳи июни соли 2023 Солиҳов дар қаламрави Русия дастгир ва ба Тоҷикистон супурда шуд.
Назари худи Юсуф Солеҳов, вакили дифоъ ва наздиконаш ба ҳукми додгоҳ маълум нест.
Қаблан, Радиои Озодӣ аз қавли яке аз ширкаткунандагони мурофиаи пешина навишта буд, ки "ҳамроҳи шахсони мусаллаҳ дар манзили зисти кушташудаҳо буд, вале тир назад ва касеро накушт".
Бояд гуфт, ки иштирокчии дигари ин ҷиноят Ёров Ориф Маҳмадсаидович соли 13-уми апрели соли 2022 бо ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон дар содир кардани ин ҷиноят гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 14 сол дар колонаи ислоҳии низомаш пурзур равонаи зидон кард
Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта дар бораи боздошт ва ҳабси баъзе аз афроди муттаҳам ба содир кардани ҷиноят дар замони ҷанги дохилӣ хабар додаанд.
Яке аз онҳо фармондеҳи пешини Фронти халқӣ (1992-1997) Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир) аст, ки баъди бист соли фирор дар Дубай дастгир ва ба Душанбе оварда шуд. Ӯро дар моҳи феврали соли 2022 ба 21 сол зиндон маҳкум карданд.





Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста