Дар шаш моҳи аввали соли 2024 дар додгоҳҳои вилояти Суғд 110 парванда вобаста ба терроризму экстремизм нисбати 130 нафар баррасӣ гардидааст.
Тоҷиддин Ҳафиззода, муовини якуми раиси Додгоҳи вилояти Суғд гуфт, шумораи парвандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 адад ва теъдоди маҳкумшудагон 22 нафар бештар аст.
Ин ҳама парвандаҳо бо моддаҳои 307, 179, 187 ва 401-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст ва баррасӣ гардидааст.
“Тибқи омор, ҷиноятҳои вобаста ба ифротгароӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бештар ба қайд гирифта шудааст”, - гуфт Ҳафиззода.
Ҳамин тавр, дар
Хуҷанд - 40 нафар;
Исфара - 24 нафар;
Истаравшан - 23 нафар;
Паҷакент – 17 нафар;
Бобоҷон Ғафуров - 9 нафар дар робита ба терроризму экстремизм равонаи зиндон шудаанд.
Дар дигар шаҳру навоҳии вилоляти Суғд теъдоди чунин парвандаҳо камтар будааст. Аз 18 шаҳру навоҳии шимоли кишвар дар ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Бӯстон ягон ҷинояти вобаста ба терроризм ва экстремизм ба қайд гирифта нашудааст.



Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста