Неъматҷон Эшонқулов, сокини 30 солаи шаҳри Хуҷанд, ки бо гумони куштори ҳамсари ҳомилааш моҳи март боздошт шуда буд, барои одамкушӣ 25 сол равонаи зиндон шудааст. Дар ин бора, Фирӯза Аҳмадзода, додраси Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-плюс” хабар дод.
Манбаъ гуфт, Неъматҷон Эшонқулов бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне одамкӯшӣ аз озодӣ маҳрум шуда, ҳукми додгоҳ як моҳ пеш содир шудааст.
Эшонқулов ҳамсараш Фотима Сатторова, сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро шаби 15-уми март куштааст ва ба иттилои наздикон, ҳодиса дар хонаи истиқоматиаш рух додааст.
Қаблан, яке аз наздикони зани кушташуда ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “шавҳари Фотима Сатторова, ки моҳи январ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта буд, 15-уми март ба ватан баргашта, ба тани ҳамсари ҳомилааш 70 маротиба корд задааст”.

Он замон сабаби куштор маълум набуд.
Ҳоло дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки сабаби куштор “рад кардани туҳфае будааст, ки шавҳараш аз Русия барои Сатторова овардааст, ки дар натиҷа Эшонқулов асабӣ шуда... дар пеши модар ва додараш ҳамсари ҳомилаашро бо корди ошхона мезанад”.
“Бар ҳадде бо бераҳмӣ ҳамсарашро бо корд мезанад, ки дастаи корд мешиканад. Эшоновқулов корди дуюмро оварда боз амалҳои қасдонаи худро давом медиҳад. Дар умум, бо зарби 73 корд ҳамсари ҳомиладорро аз ҳаёт маҳрум мекунад, ки 22 зарби корд дар қисми ҳаётан муҳим-гардан аст”, - гуфта мешавад дар ҳукми додгоҳ.
Бояд гуфт, ки Фотима Сатторова донишҷӯйи соли 5-уми шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд.
Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳар дар вилояти Суғд ҳодисаи нав нест. Дар як ҳафтаи охири моҳи август ду нафар бо гумони куштори ҳамсар ва хоҳари худ дар шаҳри Истаравшан боздошт гардиданд.




Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста