Шомурод Мирзоев, сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Абдураҳмон Ҷомӣ бо гумони  заминфурӯшӣ боздошт шудааст. Ӯ ба гирифтани 600 ҳазор сомонӣ пора аз аҳолӣ гумонбар аст.

Тибқи иттилои РВКД дар вилояти Хатлон, Шомурод Мирзоев қаблан низ 5 маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, бо ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замин аз шаҳрвандон маблағ гирифтааст.

Ӯ дар асоси муроҷиати сокинони ноҳия дастгир шудааст.

"Гумонбаршуда (Шомурод Мирзоев дар назар аст,-муаллиф) маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф кардаву айни ҳол дар 26 -ҳолати ҷинояти қаллобӣ гумонбар донист шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидааш,600 333 (шашсад ҳазору се саду сиву се) сомониро ташкил медиҳад", хабар медиҳад милитсияи Хатлон.


Тафтишот нишон додааст, ки Шомурод Мирзоев пештар дар вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ будан низ бо ҳамин роҳ аз мардум маблағ гирифтааст.

Вале маълум нест, ки чӣ гуна ӯ бо доғи судӣ боз ба як аз мансабҳои баландатрин дар ноҳия таъин шудааст.

Мақомоти тафтишотӣ аз шаҳрвандоне, ки қурбони амалҳои қаллобии номбурда шудаанд, хоҳиш кардаанд, ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Абдураҳмон Ҷомӣ ё ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳалли зисти худ муроҷиат намоянд.

Ҳоло Шомурод Мирзоев боздошт шуда ва алайҳаш аз рӯи моддаи 247-уми Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ гардидааст. Ин моддаи қонунгузорӣ вобаста ба бандҳояш аз ҷарима то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки ҳолати бо заминфурӯшӣ боздошт кардани масъулин ва ҳатто роҳбарони Кумитаи идораи замини нав набуда, қаблан борҳо аз ҷарима ва ҳабси онҳо хабар расонаӣ шуда буд.

Бори охир зимни нишасти матбуотии моҳи июл Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии аз мансабдороне ном бурд, ки даст ба заминфурӯшӣ задаанд ва иддао кард, ки аксари онҳо аз вазифа барканор шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Кумитаи идораи замини вилояти Суғд  дар пайи афзудани шикоятҳо нисбат ба амалкарди масъулини ин ниҳод ва ошкор шудани қонунвайронкуниҳои замин  чанд раису муовинони кумита дар шаҳру ноҳияҳоро аз мақом барканор карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.