Маълумот дар бораи сабабҳои бисёр вақт ба мушкилиҳо дучор гардидани муҳоҷирон аз ҷониби Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) пешниҳод шуд.
Бо дастгирии СБМ дар назди ташкилоти ҷамъиятии “Зеркало” (Оина) барои муҳоҷирон телефони боварӣ (фаъол) боз шуд. Агар шумо зимни ҷустуҷӯи кор ба доми қаллобон афтодед ё ҳангоми анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо бо корфармо мушкилӣ пайдо шуд, ба рақами фаъоли +992 900800800 занг занед ё бо ин рақам дар WhatsApp ё Telegram нависед. Ҳамаи машваратҳо бепул аст.
Ба ин тариқ, муҳоҷирон бештар бо кадом мушкилот дучор мешаванд?
1. Риоя накардани қоидаҳои ба қайди муҳоҷират гузоштан
Дарҳол баъди ба Русия расидан, шуморо лозим аст, ки худро ба қайди муҳоҷират гузоред. Ба шаҳрвандони хориҷӣ барои ин кор одатан 7 рӯз вақт дода мешавад, аммо барои шаҳрвандони Тоҷикистон истисно вуҷуд дорад — 15 рӯз.
Аммо таъхир накунед, зеро агар дер шавад, метавонанд шуморо аз кишвар хориҷ кунанд.
Қайди муҳоҷират чист? Ин огоҳ кардани Вазорати корҳои дохилии Русия аст, ки шумо ба ҷои иқомати муваққатии худ дар қаламрави Русия расидаед.
Шумо худатон ба қайди муҳоҷират намегузоред. Инро ба ҷои шумо «ҷониби қабулкунанда» — корфармои шумо анҷом медиҳад, агар вай ба шумо манзил фароҳам оварда бошад, ки шумо он ҷо зиндагӣ хоҳед кард; ё соҳиби манзил/меҳмонхонае, ки шумо ба он ҷо меравед.
Барои гузоштан ба қайди муҳоҷират, шумо ба ҷониби қабулкунанда бояд нусхаи шиносномаи хориҷӣ ва нусхаи корти муҳоҷиратиро пешниҳод кунед.
Муҳим! Бодиққат бошед ва барои аз ҷониби қабулкунанда пурсидани ба қайди муҳоҷират гузоштани худ шарм надоред. Агар онҳо ин корро накунанд, шумо ба ҳолатҳои ногувор дучор мешавед, ҳатто метавонанд ихроҷ кунанд.
Чӣ тавр санҷидан мумкин аст, ки оё онҳо шуморо воқеан ба қайди муҳоҷират гузоштаанд?
Баъди ба қайди муҳоҷират гузоштани шумо, ҷониби қабулкунанда бояд ба шумо ҳуҷҷат - қисми буридаи огоҳиномаи омадан бо навиштаи ба қайд гузоштанро диҳад.
Дар омади гап, ба замми ба қайди муҳоҷират гузоштан, набояд фаромӯш кард, ки ҳангоми тарк кардани кишвар ё агар дар кишвар монеду вале аз кор хориҷ шавед ё ба ҷои дигар кӯчед, бояд аз он хориҷ шавед.
Агар худи меҳмонхонаҳо аз уҳдаи ин кор бароянд, пас корфармоён инро аксар вақт фаромӯш мекунанд. Ин метавонад ба пайомадҳо, аз ҷумла ҷавобгарии маъмурӣ ё ҳатто ҷиноятӣ барои муҳоҷирон оварда расонад. Аз ин рӯ, ҳатман аз корфармои худ пурсед ва хотиррасон намуда, тасдиқро талаб кунед.
2. Иқомат на дар ҷойи қайди муҳоҷират
Агар муҳоҷир аз рӯи маҳалли зисташ ба қайди муҳоҷират гузошта нашуда бошад, пас чунин қайд қалбакӣ шуморида мешавад. Оқибатҳои он чунин мешаванд:
- барои муҳоҷир - ҷазои маъмурӣ барои вайрон кардани қоидаҳои будубош. Ин метавонад натанҳо ба ҷарима, балки ҷазои ихроҷ аз Русия ва манъи вуруд ба муҳлати то 5 сол боис гардид.
- барои ҷониби қабулкунанда, ки бо ин суроға ба қайд гузоштааст - ҷазои ҷиноятӣ, ки метавонад маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати 3 сол бошад.
Масалан, шумо дар сохтомн кор крада, мустақиман дар ҳамон ҷо, дар вагончаҳо зиндагӣ мекунед. Агар корфармои шумо шуморо бо дигар суроға ба қайд гузошта бошад, метавонанд шуморо дар ҷараёни рейдҳо ошкор сохта, аз кишвар хориҷ кунанд. Аз ин рӯ, бисанҷед, ки суроғаи қайди муҳоҷирати шумо бо суроғаи маҳалли зистатон як хел бошад ё худ мувофиқат кунад.
Аммо агар корфармо исрор варзад, ки аз ин ҳеҷ гапе намешавад, пас дар хотир дошта бошед, ки ин дуюмин аз бештари ҳолатҳоест, ки ба ихроҷи муҳоҷирон сабаб мешавад. Илова бар ин, корфармо ҳам беҷазо намемонад.
3. Нагирифтани “Корти сабз”
Муҳоҷирон дар Русия бояд бо худ якчанд ҳуҷҷат дошта бошанд, ки зимни санҷиш пешниҳод кунанд. Агар шумо чунин ҳуҷҷатҳо надошта бошед ё гум кардаед, ин метавонад ба мушкилоти ҷиддӣ оварда расонад.
Яке аз ҳуҷҷатҳое, ки муҳоҷирон онро бештар фаромӯш мекунанд, корти сабз аст. Он баъди гузаштан аз ду расмиёти зерин дарҳол ба муҳлати 10 сол дода мешавад:
- супоридани изи ангуштон (дактилоскопия);
- суратгирӣ пас аз супурдани изи ангуштон, ки шаҳрвнади хориҷӣ аз кабинети дигар мегузарад, то ки ӯро сурат гиранд.
Агар шумо барои кор ба Русия омада бошед, пас 30 рӯз муҳлат доред, ки ин ду расмиётро анҷом диҳед. Агар шумо на барои кор омада бошед, пас шумо каме бештар муҳлат доред - 90 рӯз.
Муҳим! Вақти тайёр кардани корти сабз - 5 рӯз аст ва он ба ҳисоби муҳлат дохил намешавад.
Агар шумо ҳатто на дидаву дониста, балки аз надонистан ҳам корт нагирифта бошед, шумо ҷазо мегиред: ҷарима аз 2000 то 4000 рубл бо эҳтимоли ихроҷ аз кишвар.
Чӣ мешавад, агар шумо корти сабз гирифта будеду, лекин гум кардед?
Дар Русия бе корти сабз будан мумкин нест. Агар корти сабз гум шавад, аввал бояд дар бораи гумшавӣ ба пулис ариза пешниҳод кард ва сипас дар шуъбаи ноҳиявии ВКД нусхаи дуюм (дубликат)-ро гирифт. Такроран супурдани изи ангуштон лозим намеояд, зеро мавҷудияти онҳо дар пойгоҳ (база) санҷида мешавад, лекин суратгирии дубора зарурист.
4. Риоя накардани қоидаи «90 аз 180»
Барои шаҳрвандони Тоҷикистон барои ворид шудан ба Русия раводид лозим нест. Аммо ин маънои онро надорад, ки шумо метавонед ба Русия ҳар вақте ва чанд маротиба, ки хоҳед, ворид шавед. Агар шумо патент нагирифтаву қайди муҳоҷирати худро тамдид накарда бошед, шумо дар Русия метавонед на бештар аз 90 рӯз (3 моҳ) дар давоми ним сол (180 рӯз) ҳузур дошта бошед.
Яъне, агар шумо патент нагирифта бошед, таҳсил намекунед ё иҷозатномаи зисти муваққатӣ (РВП) дар Русияро надошта бошед, пас баъди 90 рӯз бояд ба ватан баргардед.
Ба Русия дубора пас аз 90 рӯз, яъне пас аз се моҳ ворид шудан мумкин аст. Дар ҳуҷҷатҳо аломати “хуруҷу вуруд" (выезд-въезд) кардан лозим нест, зеро ин вайрон кардани қонунгузори муҳоҷират ҳисобида шуда, барои он вуруд ба Русия ба муҳлати 5 сол манъ мешавад.
Ин қоида ба таври ғайрирасмӣ "90 аз 180" ном дорад.
Дар назар доште бошед, ки ҳоло лоиҳаи қонуне баррасӣ мешавад, ки дар он кам кардани муҳлати будубоши муҳоҷирон дар Русия бе ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешбинӣ шудааст. Дар Русия на 90 рӯз дар давоми нимсола, балки 90 рӯз дар давоми як сол қарор доштан мумкин хоҳад буд. Аммо ин қонун ҳоло қабул нашудааст.
Дар бораи қоидаи “90 аз 180” дар ин маводи “Азия-Плюс” маълумоти муфассалтар қобили дарёфт аст.
5. Фаъолияти корӣ бидуни патент
Агар шумо ба Русия барои кор рафтанӣ бошед, зарур аст, ки патент гиред. Патент ба шумо барои кор дар ихтиёри ҳам шахсони ҳуқуқӣ ва ҳам шахсони воқеӣ ҳуқуқ медиҳад.
Онро аз куҷо метавон гирифт? Патентро аз воҳид оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар мақомоти минтақавиии ВКД Русия гирифтан мумкин аст.
Муҳим аст! Пас аз вуруд ба Русия шумо танҳо 30 рӯз вақт доред, то ки патент гиред.
Барои гирифтани патент, бояд рӯйхати ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намуда, инчунин аз тест барои санҷиши сатҳи дониши забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия гузаред. Ин гуна тестро дар Русия ё пеш аз сафар дар Тоҷикистон, дар марказҳои сабтшуда супоридан мумкин аст. Чунин марказҳо дар Душанбе, дар филиали Донишгоҳҳои давлатии Маскав (МГУ) ва филиали Институти энергетикии Маскав фаъолият доранд.
Дар хотир доред, ки патент танҳо барои кор дар ҳудуди субъект (минтақа, вилоят)-и муайяни Русия иҷозат медиҳад. Масалан, агар шумо патент барои кор дар Тотористон гирифта бошед, пас танҳо дар ҳудуди Тотористон кор кардан мумкин аст. Агар шумо бо ин патент дар Маскав кор кунед, ин ҳамчун кор бидуни патент шуморида мешавад.
Дар баъзе субъектҳо ба навъи корҳое, ки муҳоҷирон метавонанд анҷом диҳанд, метавонад маҳдудиятҳо вуҷуд дошта бошад. Маълумоти бештар дар бораи чунин маҳдудиятҳоро "Азия-Плюс" қаблан дар ин мавод шарҳ дода буд.
Муҳим! Тибқи қонунгузории Русия, шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳамон ҳуқуқҳои меҳнатиро доранд, ки барои шаҳрвандони Русия дода шудааст!
Кордиҳанда бояд ба патент доштан ва имзои шартномаи меҳнатӣ бо шумо манфиатдор бошад. Агар ӯ хоҳиш дошта бошад, ки шуморо ғайрирасмӣ, бидуни расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ (шартнома, патент) ба кор гирад, шумо метавонед ба мушкилоти ҷиддӣ – ҷпвобгарӣ аз рӯи қонун ва минбаъд ихроҷ аз кишвар дучор шавед.
Агар қабул ба кор на дар дафтари корӣ, балки мустақиман (дарҳол) дар ҷои кор сурат гирад, агар шуморо на директор, балки бригадир ба кор гирад, аз ӯ шартномаи меҳнатӣ ва фармоишро талаб кунед, ки ӯро барои қабул кардани коргарон аз номи ширкат ваколатдор мекунад.
Агар ба шумо бастани шартномаи меҳнатӣ пешниҳод шавад, пеш аз имзо кардан онро бодиққат хонед ва мувофиқати номи ширкатро санҷед. Агар ба шумо аз додани ин ҳуҷҷатҳо худдорӣ кунанд ё баҳона ҷӯянд, фикр кунед, ки оё шуморо воқеан ҳам ба ин ширкат ба кор мегиранд?
Нусхаҳои асл (оригиналҳо)-и ҳуҷҷатҳои худро на ба корфармо ва на ба ягон шахси дигар надиҳед. Барои анҷоми ҳама гуна расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ ва санҷишҳо нусхаҳои ҳуҷҷатҳо, ва дар ҳолати зарурӣ – нусхаҳои тасдиқшуда аз ҷониби нотариус кифоя аст.
6. Саривақт пардохт нашудани андоз аз даромади шахсони воқеӣ
Агар шумо тибқи патент кор кунед, аз кори шумо бо меъёри 13% Андоз аз даромади шахсони воқеӣ (НДФЛ) ситонида мешавад.
Дақиқан чӣ қадар пардохт кардан лозим аст? Ҳаҷми андоз ба патент инфиродӣ ба ҳар як кас барои ҳар кадоме аз минтақаҳои Русия муқаррар мешавад. Дар сомонаи Хадамоти федералии андози Русия дар бахши “Электронные сервисы” (Хидматрасониҳои электронӣ) бо интихоби “Расчет стоимости патента” (Ҳисоби арзиши патент) ҳаҷми онро фаҳмидан мумкин аст.
7. Содир кардани 2 ё зиёда қонуншиканиҳои маъмурӣ
Агар шумо дар давоми як сол ё се сол ду ё бештар аз он қонуншикании маъмурӣ содир карда бошед, барои ихроҷ ва манъи минбаъдаи вуруди шумо ба Русия метавонанд асосҳо пайдо шаванд.
Ин ҳамчунин қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва қоидаҳои тартиботи ҷамъиятиро дар бар мегирад. Бинобар ин, дар рондани мошин эҳтиёткор бошед.
Барои чунин қонуншиканиҳо, муҳлати манъи вуруд ба Русия метавонад аз 3 то 10 сол ва ё бештар, инчунин ба муҳлати номаҳдуд муқаррар карда шавад.
8. Пешниҳод нашудани огоҳинома дар бораи кор
Баъди дар басти воҳидҳои корӣ (штатҳо) ба қайд гирифтани коргар, корфармо уҳдадор аст, ки ба Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи имзои шартнома огоҳинома фиристад.
Корфармо ҳангоми ба кор қабул кардани шаҳрванди хориҷӣ натанҳо бояд варақаро дуруст пур кунад, балки онро дар муҳлати муқарраргардида – то се рӯзи корӣ аз рӯзи имзои шартнома – ба ВКД пешниҳод намояд. Ин талабот ҳам ба шартномаи меҳнатӣ ва ҳам ба шартномаи шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ дахл дорад.
Корфармо метавонад инро шахсан бо муроҷиат ба ВКД ё тавассути портали «Госуслуги» анҷом диҳад.