Мақомоти пулис як сокини шаҳри Душанберо барои парваришу нигоҳубини шумораи зиёди асп боздошт ва ҷарима кардааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар телеграм-канали худ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ дар натиҷаи санҷиши нозирони минтақавии шӯъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ муайян шудааст, ки Илҳом Баротов, сокини 35-солаи пойтахт дар маҳалаи Гулпарвар шумораи зиёди асп парвариш мекардааст.
“Нисбаташ бо моддаи 480 иловаи 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳолати қонуншиканӣ бартараф карда шуд”,-менависад манбаъ.
Ин банди қонунгузорӣ барои ғайриқонунӣ дар ҳудуди маъмурию ҳудудии пойтахти Тоҷикистон, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда (аз 720 то 1 ҳазору 440 сомонӣ), ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то сесад нишондиҳанда (аз 7 ҳазору 200 то 21 ҳазору 600 сомонӣ) барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ мекунад.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз сокинон бори дигар талаб кардааст, ки ки ҳар чӣ зудтар иҷроиши талаботи мазкурро таъмин намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қаблан аз сокинон талаб карда буд, ки ба нигоҳдории ҳайвонот дар ҳудуди пойтахт хотима диҳанд, вагарна ҷарима хоҳанд шуд. Ин ниҳод эълон кард, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳлати парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар ҳудуди нави ба пойтахт пайваста, ки ду сол тамдид гардида буд, аз аввали соли ҷорӣ ба итмом расидааст.
Ёдовар мешавем, ки минтақаҳои нав ба Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ пайваст гардид. Қаблан дар он манотиқ сокинон ба парвариши чорво низ машғул буданд.
Як санҷиши Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 200 ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳдории ҳайвонот дар пойтахтро ошкор кардааст.
Аввали сол, вақте муҳлати парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар ҳудуди пойтахт поён ёфта буд, мо ба минтақаҳои ба Душанбе пайваста рафтем ва бо сокинони он суҳбат кардем. Ва дидаву шунидаи худро дар матлаби “Ҷанг” бо мурғу говҳо дар Душанбе бо чӣ анҷом меёбад? Гирд овардем, ки метавонед мутолиа кунед.





Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста