Дар пайванд ба ҳамла бо корд ба Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон 3 кас ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шудаанд. Аз ҷумла, ҷавони ҳамлагар ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст.
Худи Саидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи 7-уми феврал дар мавъизаи намози ҷумъа дар бораи 26 сол зиндонӣ гардидани ҷавони ҳамлагар ҳарф зад, вале баъдан аз додани ҷузъиёт ба “Азия-Плюс” худдорӣ кард.
Ӯ дар мавъизааш гуфт, “ӯро гумроҳ карданд, фирефта шуд, нафаҳмид, ки чӣ кор кард”.
“Омад, дар паси мо намоз хонд, баъди намоз дар ҳаққи ҳамаи ҷамоат, ки вай ҳам шомил буд, дуои хайр кардам. Аммо берун баромаду ба ман ҳамла кард. Хеле даҳшатнок аст. Гуфтам, Худо ҳидояташ кунад”, - гуфт муфтии кишвар.
Ӯ афзуд, “дилам ба модараш месӯзад, бовар кунед, дирӯзу парер рӯз дар танҳоӣ чанд бор модари ҳамон кас ба ёдам омад, чанд бор гиристам, ки модари бечора чӣ кор мекунад. Ӯро гумроҳ карданд, вале модараш чӣ гуноҳ дорад? Аз модараш маслиҳат напурсида буд-ку. Вале он модар месӯзад”.
Аз Додгоҳи олии Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки дар робита ба ин парванда ҳукми додгоҳ содир шудааст, вале бо баҳонаи “қувваи қонунӣ нагирифтани ҳукм” ҷузъиёт надоданд.

Ду манбаи “Азия-Плюс” гуфтанд, ки нисбати се тан барои ҳамла ба муфтии кишвар ҳукми додгоҳ содир шудааст ва гумонбари асосӣ 26 сол равонаи зиндон шуд. Манбаҳои мо аз гуфтани ҳукми ду гумонбари дигар худдорӣ карданд.
Дар бораи ҳувияти гумонбарон, махсусан ҷавони ҳамлагар маълумот дода намешавад, фақат маълум аст, ки падараш омӯзгори мактаб ва модараш фарроши мактаб мебошад. Он ҷавон донишҷӯ буд, 24 сол доштааст.
Қаблан, Саидмукаррам Абдулқодирзода зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ҷавоне, ки ба ӯ бо корд ҳамла кард, ба ифротгароӣ муттаҳам шудааст. Ӯ дар бораи бо кадом модда гумонбар шудани ҳамлагар кӯтоҳ гуфта буд, ҷинояте аст, ки “аз ҷониби гурӯҳи ифротӣ” содир шудааст.
Бояд гуфт, ки рӯзи 11-уми сентябр наздикии шом як шахси ношинос дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳамла кард, ки дар натиҷа муфтии кишвар дар пешониаш захм бардошт.
Вазорати корҳои дохилӣ он замон гуфт, як нафар аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд ба муфтӣ ҳамла карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кард ва бар зидди ӯ “парвандаи ҷиноятӣ” боз кардаанд. Аммо ному насаби он ҷавонро зикр накард ва нагуфт, ки бар зидди ӯ бо кадом модда парванда боз шудааст.
Абдулқодирзода бо гузашти бештар аз як моҳ, рӯзи 17-уми октябр, ҳодисаро шарҳ дода, дар бораи ин ҷавон гуфта буд, “он ҷавон яке аз ифротгароён буд”.
“Як гурӯҳ, як маҷмӯа, ҷавонони камсаводи каҷфаҳм. Гӯё, ки хидмати ислом кардаанд. Ҳамин гурӯҳҳои тундрав, аслашонро бубинед, мусалмон нестанд. Инҳоро ба воситаи интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ даъват мекунанд. Ҳамон одамҳоеро, ки инҳоро даъват кардаанду роҳнамоӣ кардаанду инҳо анҷом додаанду ё ки маблағҳои муайяне ваъда кардаанд, аслан аз пеш надидаанд”, -илова мекунад раиси Шӯрои уламои кишвар.
Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон то ҳол аз ҷараёни тафтиши ин ҳамла ва раванди баррасии парванда маълумоти иловагие ироа накардааст.
Ёдовар мешавем, ки Саидмукаррам Абдулқодирзодаи 61-сола аз моҳи октябри соли 2010 раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аст ва дар мавъизаҳои худ ҳамеша аз пешгирии ифротгароӣ, фирефтаи гурӯҳҳои ифротгаро нашудани ҷавонон суҳбат мекунад.





Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста