Мақомоти милитсияи Суғд занеро боздошт кардаанд, ки ба куштори як кӯдаки 11-моҳа, ки дар нигоҳубинаш буд, гумонбар мешавад. Дар ин бора Акбар Шарифӣ, масъули матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додааст.
Манбаъ, аз гумонбар Дилафруз Дадаҷоноваи 44-сола ном бурда, гуфтааст, “ҳодисаи марги кӯдак 8-уми окятбри соли 2024 дар маҳҳаллаи Чашма содир ва ҳамчун марги табиӣ саҳнасозӣ шудааст”.
Дар барнома гуфта мешавад, ки модари кӯдак (аз ӯ ном бурда намешавад-муаллиф) ва Дилафрӯз Дадаҷонова дар як хона иҷорашин будаанд ва рӯзи ҳодиса низ кӯдак фарзандашро барои нигоҳубин ба Дадаҷонова вогузор мекунад.
Тавре дар гузориш омадааст, кӯдак гирифтори бемории “илтиҳоби авитаминози кариаяи хурди чашмон” буда, таҳти табобату назорати духтурон қарор доштааст.
“Аммо 8-уми октябр ҳангоми хӯрокхурӣ гиря кардани кӯдак дояро асабӣ ва нороҳат мекунад. Дилафрӯз Дадаҷонова тифлро ба болои рахти хоб ҳаво медиҳад, ки дар натиҷа, кӯдаки 11 моҳа бо шикам афтода, аз нафастангӣ ба ҳалокат мерасад”, - омадааст дар гузориш.
Манбаъ мегӯяд, Дилафрӯз Дадаҷонова “барои аз чашми мақомот пинҳон мондани кирдори ҷиноятияш ҷасадро ба хок супурдааст”.
Дертар Дилафрӯз Дадавонова аз сӯи мақомот бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир ва нисбаташ бо қисми 3 моддаи 110 Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуд шудааст. Ин банди қонунгузорӣ аз 10 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунд.
Назари худи Дилафрӯз Дадаҷонова, вакили дифоъ ва пайвандлону наздикони ӯ дар робита ба ин ҳодиса амаълум нест.
Ҳодиса аз дасти доя озор дидани кӯдакон ва марги онҳо дар Суғд бори аввал нест.
Соли 2024 милитсияи Суғд Мафтуна Аҳмадҷоноваи 47-ро, ки дояи кӯдаки 2 сола буд ва ӯро озору шиканҷаи шадид мекард, боздошт намуда буд.





Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста