Мақомот дар шаҳри Панҷакент алайҳи марди 53-солае, ки дар бозори ин шаҳр ба шиками як духтарча бо корд зада буд, бо ду иттиҳом - сӯиқасд ба куштор (моддаи 32, қисми 3) ва одамкушӣ (моддаи 104, қисми 2) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилаи кишвар рӯзи 21-уми феврал иттилоъ додааст.
Гап сари марде меравад, ки навори ба шиками як духтарчаи 7-сола бо корд задани ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва боиси вокуниши зиёди корбарон гардида буд. Ин ҳодиса рӯзи 16-уми феврал дар дохили бозори марказии шаҳри Панҷакент рух дод.
Мақомот гуфта буданд, ки ҳамлагарро боздошт кардаанд. Гуфта мешуд, ӯ сокини ҷамоати Шинги Панҷакент буда, ҳангоми ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.
Қаблан аз Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки духтарча баъди корд хӯрдан ба беморхона интиқол ёфта, рӯзи 18-уми феврал аз бемористон рухсат шудааст.
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, гумонбар қаблан, соли 2009 бо моддаҳои 138, 139 ва 120 Кодекси ҷиноӣ суд шудаааст.
Назари худи марди 53-сола ва наздикону пайвандонаш дар робита ба ин қазия дастрас нест.




Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста