Милитсияи Суғд тафсилоти кордзании мардеро, ошкор кардааст, ки дар натиҷа, ноболиғи 8-сола захмӣ шуд. Гап сари марде меравад, ки навори ба шиками як духтарча бо корд задани ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва боиси вокуниши зиёди корбарон гардида буд. Ин ҳодиса рӯзи 16-уми феврал дар дохили бозори марказии шаҳри Панҷакент рух дода буд.
Мақомот аз гумонбар Ҷамшед Бобомуллоев ном бурда гуфтааст, ки “дар ҷинояти содиршуда хислати бераҳмӣ ва бадбинӣ нисбати ҷамъият ва ҳаёти инсон ҷой дорад”
“Даруни бозор даромадам, корд гирифтам як духтарча аз пешам мегузашт дар назарам шум тофт задаму гузаштам”,-гуфтааст гумонбар.
Гуфта мешавад, ки ҳоло вазъи саломатии духтарбача хуб аст. То ҳол назари волидайни ин духтар нисбат ба ин ҳодиса маълум нест.
Ба иттилои мақомот Ҷамшед Бобомуллоев қаблан дар соли 2009 барои содир кардани ҷиноятҳои ахлоқӣ бо моддаҳои 138 ва 139 ва барои таҳдид ба куштор бо моддаи 120-и Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст.
Номбурда моҳи октябри соли 2024 баъди адои ҷазо аз муассисаи ислоҳӣ озод шудааст. Мақомот мегӯяд, ки гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ёдрас мешавем, ки Вазорати корҳои дохилаи кишвар қаблан иттилоъ дода буд, ки алайҳи Ҷамшед Бобомуллоев бо ду иттиҳом - сӯиқасд ба куштор (моддаи 32, қисми 3) ва одамкушӣ (моддаи 104, қисми 2) парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ кардааст.
Қаблан дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки гумонбаршаванда сокини ҷамоати Шинги Панҷакент буда, ҳангоми ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Дар ин шуъба гуфта буданд, ки духтарча баъди корд хӯрдан ба беморхона интиқол ёфта, рӯзи 18-уми феврал аз бемористон рухсат шудааст.





Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста