Пулиси Душанбе як фурӯшандаи 58-соларо бо гумони фиреби истеъмолкунандагон боздошт кардааст. Раёсати ВКД дар Душанбе навишт, ки ин фурӯшанда Рустам Турсунов ва сокини пойтахт аст.
Пулис мегӯяд, ӯ маҳсулотеро, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, дар мағозае бо номи “Сабеҳа” ба фурӯш гузоштааст.
Маълум нест, ки боздоштшуда дар ин маврид чӣ назар дорад.
Пулиси Душанбе гуфтааст, ки ҳангоми санҷиш аз ин мағоза маҳсулоти зиёдеро, ки муҳлати истеъмолашон гузаштааст, ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира кардаанд.
Ҳоло алайҳи Турсунов бо гумони "фиреби истеъмолкунандагон" (моддаи 294 КҶ) парванда оғоз шудааст.
Ин банди қонунгузорӣ то 300 нишондиҳанда (22 ҳазору 500 сомонӣ) ҷарима ё то ду сол корҳои ислоҳи меҳнатӣ ҷазо пешбинӣ мекунад.
Бояд гуфт, пулиси пойтахт чанд вақти охир фаъолияти савдогарони бозорро шиддат бахшидааст. Чанде пеш ин ниҳод панҷ фурӯшандаи дигарро барои беасос боло бардоштани нархи гӯшт ҷарима карда буд.
Дар умум, давоми соли гузашта дар Тоҷикистон аз соҳибкорон беш аз 225 000 кг маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки мӯҳлати истифодаашон гузаштааст мусодира шудааст.




Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста