Ҷӯрабеки Мелиқул, сокини 19-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳамагӣ 13-рӯз пеш аз зиндон ба озодӣ баромада буд, дубора бо гумони дуздӣ аз ҷониби пулиси Душанбе дастгир шудааст. Ӯ қаблан ҳам бо ҷурми дуздӣ адои ҷазо мекард. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, тафтишоти пешакӣ 7 далели даст доштани Ҷӯрабеки Мелиқулро дар ҷиноятҳои дуздӣ муайян кардааст.
“Гумонбаршаванда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ телефонҳои мобилӣ, дучарха ва дигар ашёҳои арзишманди шаҳрвандонро дуздида, аз фурӯши он маблағ ба даст меовард”, - менависад РВКД дар Душанбе.
Ҳоло гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, оид ба кирдорҳои ҷиноятии ӯ тафтишот идома дорад. Маълум нест, ки бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст ё не.
Зимнан, моддаи 244, қисми 2, банди “а”-и Кодекси ҷиноятӣ, ки ҷазои дуздии такрориро пешбинӣ мекунад, аз 75 ҳазор то 150 ҳазор сомонӣ (аз 1 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима ё аз 2 то 5 соли ҳабс пешбинӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки хабари ба дуздӣ даст задани ҷавонон бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад, вале иттилои баъди зиндон дубора ба дуздӣ даст задан аз хабарҳоест, ки камтар расонаӣ мегардад.
Як пажӯҳиш нишон додааст, ки маҳбусони собиқ бинобар сабаби бо ҷойи кор таъмин нашудан дигарбора даст ба ҷиноят мезананд. Коршиносон бар ин назаранд, ки чунин вазъ метавонад онҳоро барои дигарбора содир кардани ҷиноятҳо водор созад.





Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста