Мақомот ду нафар сокини ноҳияи Вахшро, ки падару писар будаанд барои муноқиша ва мухолифат кардан бо кормандони пулис боздошт кардааст. Муноқиша дар сари заминҳои фурӯхташуда сар задааст, ки чанд муддат баҳси он идома доштааст.
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон навиштааст, ки Эраҷ Ятимов бо ҳамроҳи падараш Раҳим Сафаров ба замини нуқтаи таъмир ва шустушӯи мошинҳо, ки ба шаҳрванд Муҳамадӣ Толибов тааллуқ доштааст рафта бо кормандони нуқтаи фурӯши сузишворӣ, ҷанҷол кардаанд.
Мақомот гуфтаанд, ки муноқиша сари баҳси заминҳое будааст, ки қаблан Сафаров ба Толибов фурӯхтааст ва баҳси он муддатҳост, ки идома доштааст.
Дар хабари расмӣ омадааст, ки Эраҷ Ятимов дар айни муноқиша “аз баданаш предмети ба силоҳи оташфишон монандро бароварда, таҳдиди паррондан кардааст”.

“Гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи милитсия ба ҷои ҳодиса ҳозир гардиданд. Аммо, падару писар ба кормандони милитсия зуроварӣ ва муқобилият нишон дода, бо кирдорҳои авбошонаашон оромии ҷамъиятӣ ва атрофиёнро дар муддати 55 дақиқа дағалона вайрон намуда, нагузоштаанд, ки кормандони милитсия вазифаи хизматии худро иҷро намоянд”, - навиштааст Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон.
Ба гуфтаи манбаъ, гумонбарон аз ҷониби гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ боздошт шудаанд.
Мақомот гуфтаанд, зимни кофтуков аз иншооти боздоштшудаҳо “предмети ба сифати силоҳи сард истифодашаванда, чубдаст (бита) ва ниқоб, таппончаҳои гуногун ва норинҷаки таълимӣ дарёфту мусодира карда шуданд”.
Мақомот нисбати Эраҷ Ятимов барои қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк (моддаи 255 қисми 1), авбошӣ (моддаи 237 қисми 2 бандҳои б, в) ва нисбати Раҳим Сафаров барои авбошӣ (моддаи 237 қисми 2 бандҳои б, в) Кодекси ҷиноятӣ парванда боз кардаанд.
Мақомот мегӯянд, Эраҷ Ятимов қаблан 3 маротиба барои истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият (моддаи 328), авбошӣ (моддаи 237) ва падараш Раҳим Сафаров барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор (моддаи 200 қисми 3) ҳабс шуда буданд.
Гуфта шудааст, ки ҳарду гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дошта тафтишот идома дорад.
Назари худи боздоштшудаҳо ва шоҳидони ҳодиса дар робита ба ин қазия маълум нест.





“Бо "селофан" буғӣ кардаааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста