Дурбинҳои низоми “Шаҳри бехатар” дар шаҳри Хуҷанд, ки гуфта мешуд, моҳи апрели соли равон ба кор медароянд, то ҳол пурра насб нашуда, ба кор оғоз накардаанд.
Набизода Ҷамшед, муовини раиси шаҳри Хуҷанд дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки то ҳол танҳо 50% корҳои лоиҳа ба анҷом расида, ҳоло маълум нест, ки ин низом кай ба фаъолият оғоз мекунад.
Ин дар ҳолест, ки 6 моҳ пеш, моҳи январи соли равон Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳр гуфта буд 90% корҳои лоиҳавии ин низом ба анҷом раисда, он “моҳи аперли соли равон ба кор медарояд”
Набизода Ҷамшед субҳи имрӯз, 28-уми июл сабаби ба таъхир афтодани кори низоми “Шаҳри бехатар”-ро ба калон будани масоҳати шаҳри Хуҷанд рабт дод.

Ӯ гуфт, “дар кори лоиҳаи “Шаҳри бехатар” ҳам нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд ва ҳам васеъшавии кӯчаҳои шаҳр ба назар гирифта шудааст”.
Фирдавс Шарифзода рӯзи 28-уми январи соли равон дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ин тарҳ бо маблағи 20 млн доллари ИМА аз сӯи як ширкати чинӣ амалӣ шуда, моҳи апрел пурра ба кор медарояд.
Шарифзода дар нишасти матбуотии имрӯза ҳузур надошт. Масъулин гуфтанд, раис “дар сафари корӣ” аст.
Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз татбиқи “Шаҳри бехатар” назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаву қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш арзёбӣ мешавад.
Моҳи майи соли 2023 Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Ли Ян, муовини директори ширкати технологии “Хуавей” дар Тоҷикистон тадбиқи “Шаҳри бехатар” дар шаҳри Хуҷандро баррасӣ карда буданд.
Ҳоло чунин низом аз соли 2013 дар шаҳри Душанбе ва аз соли 2023 дар шаҳри Хоруғ амал мекунад.
Ҳамасола, ба воситаи “Шаҳри бехатар” қоидавайронкуниву қонуншиканиҳои зиёд ошкор мешавад. Аз ҳисоби қонуншикниҳо ҳамасола миллионҳо сомонӣ ба буҷет ворид мешавад. Бархе ронандагон аз ҳолатҳои фасод низ дар кори ин низоми назоратӣ шикоят мекунанд.





Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста