Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар шаҳри Душанбе як сокини 33-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхро бо гумони куштори фарзанди ҳамсараш (писарандар, писари угай) боздошт карда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Пулиси Душанбе аз ин мард Бахтиёри Намоз ном бурда гуфтааст, ки ӯ рӯзи 22-юми август дар кӯчаи Ф. Муҳаммадиев, Назаров Собирҷон, кӯдаки 6-солаи ҳамсарашро “лату кӯб карда, ба таври маҷбурӣ ба даҳони кӯдак нос андохтааст”.
Дар натиҷа, нос ба роҳи нафаси кӯдак ворид шуда, боиси марги ӯ шудааст. Кӯдаки хурдсол дар роҳи беморхона фавтидааст.
“Аз кор омадам, фарзандам бозӣ дошт, ӯро як шапотӣ задам, баъд кашонда пеши қуттиҳо овардам. Дар онҷо даҳонашро кушода нос партофтам, баъди ду дақиқа ӯ афтод. Ӯро гирифта бо мошин то беморхона бурдам, ки дар роҳ ҷонаш баромад”,-нақл мекунад мард дар навори гузоштаи Пулиси Душанбе.
Таҳти чӣ шароит сабт шудани ин навор маълум нест.

Пулиси Душанбе гуфтааст, ки Бахтиёри Намоз дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо иттиҳоми “аз беэҳтиётӣ ба марг расондан” (моддаи 108-и Кодекси ҷиноятӣ) парванда боз шуда, тафтишот идома дорад. Ин модда то 2 соли зиндон ҷазо пешбинӣ мекунад.
Назари модари кӯдак дар робита ба ин қазия маълум нест. Ҳамчунин сабаби ба чунин кирдор даст задани Бахтиёри Намоз ҳам гуфта нашудааст.
Дар Тоҷикистон куштори наздикон аз сӯи хешовандонашон ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чунин ҳодисаҳо расонаӣ шуда буд. Яке аз чунин ҳодисаҳо қазияи марги Хусрав Одинаев, навраси 15-солаи зодаи шаҳри Турсунзода, ки дар пайи шиканҷаи падараш ҷон дод, мебошад. Қазияи марги фарзанд аз дасти падар дар ҷомеа маҳкум гардид ва теъдоде аз мақомоти кишвар талаб карданд, ки ба Парвиз Одинаев ҷозои сазовор дода шавад.
Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ин мард боздошт ва нисбаташ бо қисми 3-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” парванда боз шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ дар шаш моҳи аввали соли равон 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон сабт шудааст.



Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста