Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар Душанбе бо Юсуф Вафо, волӣ ё раиси вилояти Балхи Афғонистон мулоқот кардааст. Дар ин мулоқот таҳкими равобит, аз ҷумла амниятӣ ва истихборотӣ, мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва шабакаҳои қочоқи маводир мухаддир, густариши робитаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва илмӣ суҳбат шудааст.
Ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, Юсуф Вафо пештар раиси Қандаҳор будааст ва ҳоло яке аз афроди наздики раҳбари Толибон* аст. Сухангӯи волии Балх ба расонаҳои Афғонистон гуфтааст, ки Юсуф Вафо бо даъвати Тоҷикистон ба Душанбе сафар кардааст.
Дар бораи ин мулоқот мақомоти расмии Тоҷикистон иттилоъ надодаанд. Талоши “Азия-Плюс” барои дастрас кардани тафсилоти ин мулоқот дар мақомоти Тоҷикистон бесамар буд.
Расонаҳои Афғонистон аз қавли сухангӯи волии Балх навиштанд, ки Юсуф Вафо рӯзи 23-уми октябр ба Тоҷикистон сафар карда, дар суҳбат бо мақомоти тоҷик хостори таҳкими равобит шудааст. Ӯ баландтарин мақомдори Толибон аст, ки дар чор соли ҳукумати ин гурӯҳ бар Афғонистон, ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Телевизиони “Ому” аз қавли сухангӯи волии Балх хабар додааст, ки “Юсуф Вафо афзуд, ду тараф бояд равобити дипломатӣ, исломӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ барқарор кунанд ва барои таҳкими онҳо талош кунанд”.
Ӯ зикр кардааст, ки рушди равобити иқтисодӣ ва илмии миёни Толибон ва кишварҳои ҳамсоя метавонад ба муваффақияти иқтисодии Афғонистон саҳм гузорад ва ба ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат кунад.
Волии Толибон ҳамчунин иддао кардааст, ки амният ва субот дар Афғонистон ба нафъи ин кишвар ва кишварҳои ҳамсоя аст ва кишварҳои минтақа бояд бо терроризм якҷоя мубориза баранд.
Ба навиштаи “Afghanistan International”, Юсуф Вафо таъкид кардааст, ки “мо хоки худро алайҳи ҳеҷ кишваре истифода намебарем ва ба касе иҷоза намедиҳем”. Ӯ зикр кардааст, ки “Толибон қабл аз тасарруфи Афғонистон дар мубориза бо ДИИШ қурбониҳои зиёде кардаанд ва ҳоло онҳо аз фаъолияти ДИИШ ҷилавгирӣ мекунанд ва намегузоранд, ки минтақа ноором шавад”.
Ин расона бо такя ба дафтари матбуоти волии Балх зикр кардааст, ки “вазири истихбороти Тоҷикистон итминон додааст, ки Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун ду кишвари бародар дар сулҳу дӯстӣ зиндагӣ хоҳанд кард”.
Ба навиштаи ин расона, раиси КДАМ-и Тоҷикистон гуфтааст, ки “мо намегузорем, ҳеҷ як унсури бадӣ аз хоки мо барои таҳдид ба Афғонистон истифода кунад”.
Юсуф Вафо ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки раванди додани раводид барои шаҳрвандони Афғонистон соддатар шуда, хароҷоти он коҳиш дода шавад.
Бояд гуфт, ин аз камтарин мулоқотҳои мақомдорони тоҷик бо намояндагони расмии Афғонистони зери идораи Толибон аст. Пештар аз ин, моҳи сентябри соли 2024 расонаҳои Афғонистон аз як мулоқоти Саймумин Ятимов бо раҳбарони мақомоти истихборотӣ ва низомии Толибон дар Кобул хабар доданд. Он замон ҳам мақомоти Тоҷикистон ин мулоқотро шарҳ надода буданд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд бо Толибон равобити мустақим надорад. Роҳбарияти Тоҷикистон аз соҳибони қудрат дар Кобул хостаанд ҳамашумул таъсис диҳад ва ҳуқуқи инсонро муроот кунад. Талабе, ки аксари кишварҳои ҷаҳон аз Толибон доранд.
Аммо дар баробари ин, Тоҷикистон бо Афғонистон равобити тиҷоратӣ дорад ва кӯмакҳое ҳам ирсол мекунад. Фаъолияти сафорати Афғонистон дар Душанбе норӯшан боқӣ мондааст. Онро сафири аз сӯйи ҳукумати пешин таъиншуда роҳбарӣ мекуна. Аммо консулгарии Афғонистон дар Хоруғро намояндаи соҳибони нави қудрат дар Кобул роҳбарӣ мекунад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста