Ин омор дар 10 моҳи соли равон танҳо дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст.
Онҳо бар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Иҷро накардани уҳдадории таълиму тарбияи кӯдак) ҷазо гирифтаанд. Ин банди қонунгузорӣ аз 750 сомонӣ (10 нишондиҳанда) ҷарима то 10 рӯз ҳабсро пешбинӣ мекунад.
Пулиси пойтахт бо нашри ин омор, гуфтааст, ки "дар аксари маврид маҳз аз беназоратӣ ва бемасъулиятии падару модарон наврасон истифода бурда, даст ба кирдорҳои гуногуни ҳуқуқвайронкунанда ва ҳатто ҷиноятҳои вазнин мезананд”.
"Дар натиҷаи санҷишҳои мақсаднок, давоми 10 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт нисбати 1312 нафар волидайн тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарорҳои дахлдори суд нисбати онҳо ҷазоҳои маъмурӣ татбиқ гардидааст", - гуфтааст Раёсати ВКД дар Душанбе.
Дар робита ба ин, мақомот аз ҷомеа хостаанд, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон бетараф набошанд.
Ин ҳушдор дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш дар пайи як муноқишаи наврасон дар пойтахт як тан ҷон бохта, як навраси дигар маҷруҳ шуд. Дар натиҷа чанд ноболиғ боздошт ва алайҳи як нафари онҳо бо гумони куштор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ин ниҳод гуфт, ки ҳодиса рӯзи 9-уми ноябр дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рух додааст. Навори ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, баҳси зиёдро барангехт.
Ҳамчунин, дар пайи ин ҳодиса, мақомот дар беш аз 15 мактаби ноҳияи Фирдавсӣ бо волидайни хонандагон суҳбат гузаронида, "ҳодисаи муноқишаи гурӯҳии наврасон, ки мутаассифона боиси ба ҳалокат расидани як нафар ноболиғ гардида буд, мавриди муҳокима ва таҳлили ҷиддӣ қарор гирифт"
"Таъкид гардид, ки сарфи назар аз таъкидҳои доимӣ, то ҳол баъзе аз волидайн нисбат ба таълиму тарбияи фарзандони худ бемасъулиятӣ ва беэътиноӣ зоҳир менамоянд. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб мегардад, ки наврасон дар кӯчаҳо кордбадаст шабона ба оворагардӣ, бозиҳои компютерӣ, истеъмоли "калян" ва дигар амалҳои зиддиҷамъиятӣ машғул шуда, оқибат даст ба ҷиноят мезананд", - гуфтааст пулиси пойтахт.
Қаблан низ занозанӣ ва кордкашӣ миёни наврасон, ки аксаран аз баҳс дар шабкаҳои иҷтимоӣ оғоз мешавад, рух дода буд, ки дар он гоҳе наврасон аз корду силоҳҳои дигар истифода мекарданд. Қаблан, мақомот барои пешигирӣ аз ин амалҳо бо аҳолӣ суҳбату вохуриҳо гузаронида, ҳамчунин сар аз соли 2019 амалиёти шартии "Корд" баргузор мекунанд.





Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста