Мақомоти интизомии Тоҷикистон бори аввал ҳувияти як гумонбар ба куштори пурсарусадои модар ва се фарзанди ноболиғи ӯ дар ноҳияи Рӯдакиро ошкор карда, чеҳраи ӯро ҳам нишон дод. Ному мушаххасоти гумонбари дигарро, ки ноболиғ аст, расман зикр накард. Аз Додситонии кулл ҳам гуфтанд, ки тафтишот идома дорад ва ҳанӯз парванда ба додгоҳ нарафтааст.
ВКД гуфт, ки ошкорсозии ҷиноят “хеле душвор” буд
Шоми дирӯз, 12-уми ноябр, Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) бо нашри навори муфассал аз ошкоршавии ҷиноятҳои вазнин дар соли 2025, расман тасдиқ кард, ки дар куштори чаҳор узви як оила дар ноҳияи Рӯдакӣ ду нафар гумонбар боздошт шудаанд.
Дар натиҷаи ин куштор, ки шаби 5 ба 6-уми сентябр рух дод, Шаҳло Назарова, зани 44-сола, ҳамроҳи се фарзанди хурдсолаш - Ҳабиба (синфи 10), Ҳамида (синфи 8) ва Шараф (синфи 6) кушта шуданд. Аз ин оила танҳо падари хонадон Ҳалим Иброҳимов, ки дар Русия муҳоҷир буд, зинда монд. Тибқи иттилои дастрас, ин ҳодиса рӯзи 8-уми сентябр ошкор гардид.
Гузоришгари ВКД гуфтааст, ошкорсозии ин ҷиноят “хеле душвориро пеш меовард”. Дар идома афзудааст, “омӯзиши мавзӯъ, маҳалли зисти фавтидагон, муносибати онҳо бо ҳамсояҳо ва дигар шахсонӣ бо онҳо робитадошта, вазъ ва мавқеи хонавода” мавриди таҳлили қарор гирифтааст.
“Содир шудани чунин ҷинояти махсусан вазнин натанҳо бошандагони маҳалли ҷиноят, ноҳия, балки қаламрави ҷумҳуриро бо ҳар гуна овоза, гумон ва хабарсозиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таҳлука андохта буд... Ҳеҷ нафаре намеандешид, ки гумонбарон намакхӯрдаи хонадони фавтидагонанд”, - омадааст дар гузориши ВКД.
ВКД тасдиқ кардааст, ки омили ин ҷиноят “майл ба молу маблағ” аст ва гуфтааст, ин сабаб “ҳамсоя Азимов Сайфулло Одинахӯҷаевро ба ҷинояткор табдил дод. Ин гумонбар барои амалӣ кардани мақсади ҷинояткоронааш танҳо амал накарда, ноболиғеро низ ҷинояткор сохт”.
Ин ниҳод дигар ҷузъиёти ҳодисаро расман шарҳ надода, то куҷо расидани тафтишотро ҳам ошкор накардааст.
Ҷузъияти бадастовардаи “Азия-Плюс”
Ҳалим Иброҳимов, падари ин хонавода, қаблан бо “Азия-Плюс” суҳбат карда, баъзе ҷузъиёти қатли ҳамсар ва се фарзандашро, бо такя ба гуфтаҳои пайвандону ҳамсояҳо ва мақомот, ошкор карда буд. Дар робита ба ин куштор ду гумонбар - Сайфулло Азимови 32-сола ва Нӯъмон Саидови 16-сола боздошт шудаанд.

Иброҳимов гуфта буд, ки занашро 17 корд задаанд ва фарзандонашро бо корду болға куштаанд. Сайфулло Азимов ҳамсояи девор ба девор будаву ноболиғаш хешу табори ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Ҳалим Иброҳимов бовар надошт, ки ин ҷинояти вазнин аз ҷониби танҳо ду нафар, ки яке ноболиғ аст, сурат гирифта бошад. Ӯ тахмин мезад, ки дар ин ҷиноят нафарони дигар низ даст доранд.
Ҳамсояҳо аз боздошт шудани 4 тан дар пайи ин куштор ҳарф мезаданд. Ин маълумотест, ки мақомот расман тасдиқ намекунанд.
Ҳоло дар Дарёобод чӣ мегузарад?
Субҳи имрӯз, 13-уми ноябр, як манбаъ аз деҳаи Дарёобод ба “Азия-Плюс” гуфт, ки фазои деҳа пас аз боздошти гумонбарон нисбатан ором шудааст ва сокинон ба зиндагии муқаррарӣ баргаштаанд.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, Ҳалим Иброҳимов ҳар чанд рӯз як маротиба ба хонааш меояд, гирду атрофи онро тоза мекунад, корҳои хоҷагиашро ба сомон мерасонад ва боз аз Дарёобод меравад.
“Дарвозаи хонаи оилаи гумонбарон қулф аст. Онҳо пас аз боздошти Сайфулло бедарак шуданд. Ҳоло дар хонаашон касе зиндагӣ намекунад. Ҳама ҳуҷҷатҳои фарзандонашонро ҳам аз мактаби деҳа гирифта, бурдаанд ва шунидем, ки ҳоло дар кадом мактаби Душанбе таҳсил доранд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
“Азия-Плюс” борҳо талош кард, ки назари пайвандони Сайфулло Азимовро дар ин робита гирад, вале ҳар боре хабарнигорони мо ба ин деҳа мерафтанд, дари онҳоро баста меёфтанд. Рақами телефонҳои мобилии пайвандони ин оила низ хомӯшанд ва мавқеи онҳо барои мо рӯшан нест.

Аммо Маърифат Мирзоева, модари Нӯъмон Саидови 16-сола бо “Азия-Плюс” як бор телефонӣ сӯҳбат кард ва гуфт, писараш “ба чунин кор даст зада наметавонист”, аммо шарҳ надод, ки чаро чунин чунин меҳисобад.
Ӯ тасдиқ кард, ки бо Сайфулло пайванди хешӣ доранд, вале гуфт, “бо даъвати мақомот, худам Нӯъмонро ба шуъбаи ВКД бурдам”.
Парванда дар чӣ ҳол аст?
Аз Вазорати корҳои дохилӣ чанд маротиба ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки парвандаи куштор дар ноҳияи Рӯдакиро Додситонии кулли Тоҷикистон ифтитоҳ кардааст ва раванди онро пеш мебарад. Ба ин далел онҳо бештар маълумот намедиҳанд.
Аз Додситонии кулли Тоҷикистон дар ин робита расман маълумот намедиҳанд. Талошҳои мо барои гирифтани маълумот аз бахши матбуот ва Раёсати парвандаҳои ҷиноятии Додситонии кулли Тоҷикистон имрӯз ҳам бенатиҷа анҷомид.
Як масъули ин ниҳод, ба шарти зикр нашудани номаш, кӯтоҳ гуфт, ки “тафтишот идома дорад, парванда ҳоло ба суд нарафтааст”. Аммо перомуни гумонбарон ва бо кадом гумонҳо парванда боз шуданаш маълумот надод.
Хабарнигори "Азия-Плюс" аз деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ гузориш омода карда буд, ки онро дар пайванди зерин хонда метавонед: "Дару тирезаҳои баста ва кӯчаҳои холӣ. Гузориш аз деҳае, ки зан ва се фарзанди ӯро кушта пайдо карданд".




Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста