Раёстаи ВКД дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ин модар фарзанди худро ба савдо ва оворагардӣ водор карда, ӯро аз таҳсилоти ибтидоӣ дур сохтааст.
Мақомот рӯзи 21-уми ноябр, гуфтаанд, ки бо назардошти ин ҳолат, бар асоси моддаи 73-и Кодекси оила, ки гирифтани кӯдакро бе маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ иҷоза медиҳад, фарзанди ин занро аз ӯ гирифта, ба Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ додаанд.
"Аз ҷумла, дар натиҷаи санҷиш, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур муайян карда шуд, ки шаҳрванд Мирзораҳматова У., писари хурдсоли худро ба савдо дар маконҳои номуайяншуда ва оворагардӣ водор намуда, аз таҳсилоти ибтидоӣ дур сохтааст", - гуфтааст РВКД дар пойтахт.
Назари модари ноболиғ дар робита ба ин қазия маълум нест.
Мақомот аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар робита ба таълиму тарбияи фарзандон масъулияти ҷиддӣ эҳсос кунанд.
Қаблан, дар моҳи апре ҳам пулиси пойтахт, ду кӯдаки 8 ва 10-соларо, ки модарашон ба талбандагӣ маҷбур мекард, ҷудо карда, ба мактаб-интернати рақами 1-и шаҳри Душанбе супоридаанд.
Ёдрас мешавем, ки қаблан пулиси Душанбе гуфта буд, назоратро болои волидайне, ки масъулияти худро дар тарбияи фарзандон иҷро намекунанд, сахттар мекунад ва дар сурати аз уҳдаи тарбияи кӯдакон набаромадани падару модар онҳоро аз дасташон мегирад ва ба муассисаҳои махсуси таълимӣ месупорад.
Манбаъ гуфта буд, ин тасмим “дар асоси тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ” амалӣ карда мешавад.
Он замон мақомот иттилоъ дода буд, як ноболиғи 15-сола, ки дар шаҳри Душанбе борҳо ҷинояти дуздӣ содир карда, шабона ба оворагардиву талбандагӣ дар роҳҳои мошингард машғул мешуд, аз модараш гирифта, дар муассисаи махсуси таълимӣ “Лисейи махсуси касбӣ - техникӣ”-и шаҳри Душанбе супорида шудааст.





Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста