Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика роҳбари техникии Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Исфараро ба “истифода аз ваколати хизматӣ” ва “худсарона насб намудани трансфарматор” гумонбар дониста, бар зиддаш парвандаи маъмурӣ боз кардааст
Дар ин бора Оҷонсӣ рӯзи 28-уми декабр хабар дода, аз ин масъул Ҳайдар Болтаев ном бурдааст.
Тибқи иттилои манбаъ, гумонбар “дар пайи зиёд будани талабот ба нерӯи барқ дар фасли зимистон ва маҳдудияти мувақатӣ худсарона ва бе иҷозати раёсати ин оҷонсӣ дар минтақаи Суғд дар ду бинои баландошёнаи шаҳри Исфара трансфарматори тавоноияш 400 кВт насб кардааст".
Оҷонсӣ зикр кардааст, ки алайҳи Болтаев барои “риоя накардани қоидаҳои истифодаи захираҳои энергетикӣ” (моддаи 394 қисми 3 КҲМ) парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

Ин банди қонунгузорӣ барои шахсони воқеӣ аз 375 то 525 сомонӣ ( аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ва барои шахсони мансабдор аз 1 ҳазору 875 то 2 ҳазору 625 сомонӣ (аз 25 то 35 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима муқаррар кардааст.
Назари худи Ҳайдар Болтаев дар ин маврид маълум нест.
Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика ҳафтаи гузашта низ хабар дода буд, ки нисбати як корманди зеристгоҳи брақии 35/10 "Кангурт" (ноҳияи Темурмалик) бо гумони дуздии барқ парвандаи маъмурӣ боз гардидааст.
Ошкор шудани дуздии барқ аз сӯи кормандони шабакаҳои барқ дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар чанде пеш дар паёми солонааш аз тарафи кормандони соҳа сӯисфтифода аз мансабро танқид кард.
Ӯ гуфта буд, ки “аз тарафи баъзе кормандони соҳа, пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти беасоси нерӯи барқ ба таври сунъӣ ба зимаи аҳолӣ ва дигар гурӯҳҳои истифодабарндагони нерӯи барқ гузаронида мешуд".
Ӯ афзуд, ки маблағҳоро “пурра аз аҳолӣ ҷамъоварӣ мекарданд ва маблағро истифода карда” аҳолиро қарздор мекарданд.
Тибқи иттилои расмӣ, соли ҷорӣ талафоти нерӯи барқ дар кишвар 3 миллиард кВт соатро ташкил додааст.
Ёдрас мешавем, ки имсол ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд. Бар асоси Кодекси ҷиноятӣ касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.
Пурзӯр кардани ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар ҳолест, ки ҳамасола дар фасли тирамоҳу зимистон дар кишвар маҳдудият ё “лимит”-и барқ ҷорӣ мешавад.





Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста