Душанбе. 23 май. Азия-Плюс — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид Ҳелен Кларкро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.
Таваҷҷўҳи зиёд ба дастгирии рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола зоҳир карда шуд.
Зикр гардид, ки Дафтари Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар қаламрави Тоҷикистон, ғайр аз пойтахти кишвар, боз панҷ намояндагии минтақавӣ дорад ва яке аз калонтарин дафтарҳои созмон дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Аз пешоҳангии Тоҷикистон ва ибратбахшии фаъолияти он дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Хотиррасон гардид, ки дар натиҷаи татбиқи пайгиронаи сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муяссар гардид, ки сатҳи камбизоатии аҳолиро аз 72,4 фоизи соли 2003 то ба 45 фоиз дар соли 2010 коҳиш диҳад.
Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон шудани соли 2013 идомаи мантиқии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон доир ба таъмини дастрасӣ ба оби тоза номида шуд.
Таъкид гардид, ки таъмини дастрасии ҳар як инсон ба нерўи барқ ҳам омили калидии пешравӣ дар расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазарсола мебошад.
Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба роҳҳои бартарафсозии мушкилоти рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва мусоидат ба таҳкими амнияту субот гуфтугўи судманд сурат гирифт.




Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста