Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз бо раиси гурӯҳи байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо оид ба масоили тағйирёбии иқлим, гуногуншаклии биологӣ ва рушди устувор Струан Стивенсон мулоқот орост.
Дар мулоқот масоили таҳкиму густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, роҳу воситаҳои ҳалли мушкилоти марбут ба масоили истифодаи обу энергетика дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар оғози мулоқот Шукурҷон Зухуров ба меҳмон барои мавқеъи фаъолона доштанаш дар дастгирии татбиқи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид сохт, ки дар кишварҳои хориҷи дуру наздик рӯз то руз шумораи ҷонибдорони идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Дар навбати худ узви Парлумони Аврупо низ ба раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ барои пазиройиии хуш изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки бо даъвати президенти Тоҷикистон ният дорад, рӯзи сешанбе аз майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» боздид намояд. «Ман комилан мӯътақидам, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ метавонад нақши калидии шарики Иттиҳоди Аврупоро бозад, зеро он дар маркази минтақаи муҳими стратегии ҷаҳон воқеъ аст», - гуфт ӯ.
Ба эътиқоди ҷаноби Стивенсон, кишварҳои Ғарб президенти Тоҷикистонро бояд дар ташкили садду монеъаи қавӣ муқобили интиқоли маводи мухаддир ва ифротгароии исломӣ дастгирӣ намоянд. «Ман ҷиддан бар ин назарам, ки изҳори муносибати манфии Ӯзбекистон нисбат ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ҳанӯз бармаҳал аст ва ба сиёсатмадорони ӯзбек интизор шудани натиҷаҳои ташхиси Бонки ҷаҳониро маслиҳат медиҳам, вале чун коршинос ба бехатарии лоиҳаи мазкур мӯътақидам ва гузашта аз ин, ҳамаро бовар мекунонам, ки амалисозии тарҳи мазкур ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа аст», - иброз дошт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, мавсуф ҳамчунин қайд кард, ки дар навбати худ, Тоҷикистон бояд ҳаҷми кофии ҷоришавии об ба ҳамсоякишварҳоро кафолат диҳад. «Тоҷикистон барои пешсаф будан дар ҳалли мушкилоти обу энергетикаи мнтақаи Осиёи Марказӣ ба хавасмандсозиву дастгирии Иттиҳоди Аврупо сазовор аст», - гуфт ҷаноби Стивенсон.
Узви Парлумони Аврупо ҳамчунин таъкид сохт, ки дар баробари ҳалли мушкилоти иқтисодии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Покистон, сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ҳамчунин метавонад ба муборизаи муассир муқобили терроризми байнулмилалӣ мусоидат намояд. «Аз қашшоқӣ террор зуҳур мекунад ва пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ барои афғонҳову покистониҳо ва шаҳрвандони минтақаву ҳалли мушкилоти иқтисодии онҳо резиши об ба осиёби терроризмро боздошта метавонад, ки ин омил қимати нафъоварии сохтмони «Роғун»-ро даҳчанд меафзояд», - афзуд ҷаноби Стивенсон.
Пас аз мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров узви Парлумони Аврупо бо аъзои Комиссияи экологии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ мулоқот кард.
Чӣ тавр Telegram-каналҳои русгаро барои хатарнок нишон додани муҳоҷирон маълумотро таҳриф мекунанд
Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ҷамъбаст шуд. Киҳо ғолиб гардиданд?
Ярмаркаи фурӯши ангишт дар Суғд. Он чанд рӯз идома мекунад ва нархи ангишт чанд аст?
Таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар Душанбе чӣ гуна кор мекунанд ва чӣ тавр осон метавон пардохт кард?
“Гавҳари ашк”-и Озарахш ва “Сетор”-и Фарзона чоп шуд
Дар Душанбе се нафар худро устои таъмири хона муаррифӣ намуда, ба ғоратгарӣ даст заданд
Омӯзиши забони кореягӣ ва касб барои кор дар Корея. Ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Президенти пешини Русия гуфт, қабули кӯдакони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, ба мактаб қатъ карда шавад
Даргузашти “духтари газета” - Гулчеҳра Фозилова
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Паёмбар ва корвони ташна”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста