Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба муборизаи байналмилалӣ бо маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ Вилям Браунфилдро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар арсаҳои гуногун баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамгироии муштарак дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мусоидат ба таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон зоҳир гардид.
Аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Амрико дар самти мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ки аз ҷумла дар шакли омодасозии кадрҳо, машғулиятҳои муштарак ва расондани кўмакҳои техникӣ сурат мегирад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Аз ду ҷониб таъкид гардид, ки дар мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Тоҷикистону Амрико бояд бо тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Русия ҳамгироии зич ба роҳ монанд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар натиҷаи амалӣ шудани тадбирҳои судманди муштарак дар Афғонистон, аз ҷумла несту нобуд кардани киштзорҳои растаниҳои нашъадор ва муборизаи босамар бо қочоқбарон вақтҳои охир гардиши маводи мухаддир рў ба коҳиш овардааст. Ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро ба идомаи муборизаи муваффақона бо ин вабои аср ва ҳамчунин ба густариши ҳамкорӣ дар дигар самтҳо таъкид намуданд.
Душанбе ба пешвози Наврӯз чӣ гуна омода мешавад?
Ҳалокати як кас дар пайи сӯхтори пойгоҳи сӯзишворӣ дар Спитамен
Ҳушдор ба муҳоҷирон дар Русия: Ба миёнаравҳо бовар накарда, шахсан худро дар қайд гузоред
Сабти филми мустанад дар бораи Ҳофизи Шерозӣ оғоз шуд
Нархи гӯшт дар бозорҳои Душанбе. Чанд пул аст, чӣ гуна муайян мешавад ва харидорон аз чӣ шикоят доранд?
Трамп гуфт, пагоҳ бо Путин суҳбат мекунад
Хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи “Суғд-500” то зеристгоҳи “Датка” барои истифода омода шудааст
Парвози аввалин ҳавопаймо аз Бишкек ба Хуҷанд
Дар пайи ҳамлаҳои Амрико ба мавзеъҳои ҳусиҳои Яман беш аз 50 нафар кушта шудаанд
Нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел боло меравад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста