Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки зимни сафари президенти Русия Дмитрий Медеведев ба Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон имзои Созишномаи дуҷониба миёни кишврҳо оид ба масоили марзӣ дар назар аст.
Дар идома вазир таъкид кард, ки имзои созишномаи мазкур маънои онро надорад, ки марзбонони рус ба муҳофизати марзҳои Тоҷикистон бармегарданд. «Дар ин созишнома масоили роҳандозии ҳамкории мутақобила дар муҳофизати сарҳад, ҳузури шумори начандон зиёди мушовирони нерӯҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон, ки имрӯз ҳам фаъолият доранд, пешбинӣ мегардад», - гуфт вай.
Дар робита ба масъалаи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави ҷумҳурӣ ва иҷораи фурудгоҳи Айнӣ аз ҷониби Русия, Ҳ.Зарифӣ чунин ибрози андеша намуд, ки гуфтушунидҳо перомуни ин масоил шурӯъ аз соли 2008 «ба таври созандаву бидуни эҳсосот» идома доранд. «Имрӯз ба қаламрави ҷумҳуриро баҳри бунёди пойгоҳҳои низомӣ ба кишварҳои хориҷӣ ройгон додан зарурате мавҷуд нест», - изҳор дошт ӯ.
Дар шарҳи овозаҳои чанде аз ВАО перомуни дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир кардани пойгоҳҳои низомии ИМА, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ гуфт, роҷеъ ба ин масъала Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ бо ИМА гуфтушуниде накардааст ва ояндаи наздик низ аз он интизорӣ намеравад. «Агар сохтмони маркази таълимии Гвардияи миллии Тоҷикистон дар водии Қаратоғ, ки бо дастгирии молиявии ИМА сохта мешавад, дар назар бошад, пас метавонам бигӯям, ки он моликияити истисноии Тоҷикистон мебошад», - афзуд Ҳ.Зарифӣ.
Бозёфте, ки дар замони худ нагунҷид. Ёде аз овозхони маъруф Олим Бобоев
Ба оилаҳои камбизоат чӣ қадар кумакпӯлӣ дода мешавад?
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати як корманди Раёсати ВКД дар Хатлон барои гирифтани $20 ҳазор пора
Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин иҷлосияи парлумони нав ширкат мекунад
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад?
Вакилон дар охирин иҷлосияи даъвати шашуми парлумон созишномаи марзӣ бо Қирғизистонро ба тасвиб расониданд
Қосим Бекмуҳаммад: "Душанбеву Бишкек ҳалли мушкили марзиро бидуни дахолати ҷониби сеюм афзал донистанд ва ба муваффақият ноил шуданд"
Исроил бомбборони Ғаззаро аз сар гирифт. Расонаҳо аз куштори садҳо нафар хабар медиҳанд
Сарбозони тоҷик дар гузашти низомии 80-солагии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Роҳандозии реҷаи онлайни табодули маълумот дар бораи ҷинояткорон байни Русия ва Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста