Душанбе. 119-уми июл. «Азия-Плюс» — | Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо даъвати ҳизби Саодати Туркия ба Анкара пойтахти ин кишвар сафар кард ва дар анҷумани он иштирок ва суханронӣ намуд.
Тавре аз кароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, ин анҷуман баъд аз даргузашти раҳбари машҳури ин ҳизб яъне Наҷмиддин Арбакон аввалин анҷуман ва муҳим барои ҳаёти ин ҳизб ба шумор мерафт. Раиси ҷадиди ин ҳизб, доктор Мустафо Камалак интихоб шуд ва раёсати ин ҳизб низ дар анҷуман аз тарафи вакилон интихоб шуданд.
Раиси ҲНИТ зимни суханронии худ рис ва раёсати ҳизбро табрик намуд ва аз раҳбари фақиди ин ҳизб устод Арбакон ёдоварӣ намуд. Раиси ҲНИТ таъкид кард, ки рози муваффақияти ҳизби Саодат дар оянда, пайравӣ аз мактаб ва андешаи устод Арбакон хоҳад буд.
М . Кабирӣ дар идомаи суханони худ оғози марҳилаи ҷадидро барои ҳизби Саодат бисёр ҳассос ва муҳим арзёбӣ намуд ва таъкид кард, ки ваҳдат ва тафоҳум метавонад ҳизбро аз ин марҳила ба осонӣ берун барад. Вай аз таърихи ҲНИТ ва даргузашти Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ёдовар шуд ва таъкид намуд, ки танҳо ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии дохилӣ буд, ки моро ҳифз кард. Маҳз бо баракати ваҳдати дохилӣ ҲНИТ тавонист ин марҳилаи ҳассосро пушти сар бигзорад.
Дар охир раиси ҲНИТ раёсати ҳизби Саодатро барои ширкат дар анҷумани 9-уми Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки қарор аст 24 –уми сентябр баргузор гардад, даъват намуд
Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”
Баъди пурзӯр шудани ҷазо барои “дуздии барқ” дар Тоҷикистон ниҳоди нав ташкил мешавад
Муовини аввали ноиби Пизишкиён ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ гардид?
Сурати кӯдаки фаластинӣ, ки ду дасташро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шуд
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста