Душанбе. 2-юми август. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи гузашта сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов дар шаҳри Киев бо собиқ президенти Украина Леонид Кучма мулоқот кард.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот Ш.Султонов ба собиқ президенти Украина дар бораи ҷараёни корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ маълумот дода, ба масоили вазъи имрӯза ва дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Украина таваҷҷӯҳи хосса зоҳир сохтааст.
Худи ҳамон рӯз дар шаҳри Киев вохӯрии Ш. Султонов бо раиси Иттифоқи молистеҳсолкунандагони Украина Николай Иващенко доир гардид, ки ин иттифоқ беш аз 700 корхонаҳои бахшҳои гуногуни иқтисоди Украинаро муттаҳид месозад.
«Бо назардошти таҷрибаи бою ғании корхонаҳои Украина дар саноати коркарди маҳсулоти ғизоӣ ва саноатӣ, ҷонибҳо масоили таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли маводи ғизоӣ ва маснӯъоти қаннодӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маҳсулоти ширӣ ва сабзавоту меваро баррасӣ карданд», - таъкид сохт намояндаи ВКХ.
Ба иттилои манбаъ, Н. Ивашенко мавриди омӯзиш қарор додани масъалаи роҳандозии истеҳсоли мошину техникаи махсус барои кор дар хоҷагии манзилию коммуналӣ ва таъсиси корхонаҳо оид ба истеҳсоли мебелро пешниҳод намудааст.
Аз рӯйи натоиҷи мулоқот ироаи пешниҳодоти мазкур ба баррасии ҷаласаи III-уми қарибулвуқӯъи Комисияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкории иқтисодӣ маъқул шуморида шудааст.
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Бидуни журнали анъанавӣ. Дар кадом мактабҳои Душанбе истифодаи журнали электронӣ ҷорӣ шудааст?
Artel. Бузургтарин фабрикаи истеҳсоли техникаи маишӣ чӣ тавр фаъолият мекунад?
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Стипендия ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд
Китоби “Тоҷикон”-ро нагирифтед? Аз ҳукуматҳои маҳаллӣ пурсед!
Корхонаи коркарди нафти Данғара шарик ва ашёи хом барои коркард меёбад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тарсутар аз тарсу”
Далер Назаров ҷоизаи давлатӣ гирифт
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои вилоят баста мешавад?
Дар Қирғизистон “Толибон”-ро махфиёна аз рӯйхати созмонҳои террористӣ хориҷ карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста