Душанбе. 5-уми август. «Азия-Плюс» — | Рӯзи 3-юми августи соли 2011 Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифиро, ки дар ш. Ашқобод бо сафари корӣ қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз департаменти иттлооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот бо Президенти Туркманистон Г. Бердимуҳаммадов ҷонибҳо муносибатҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистонро арзёбӣ намуда, роҳҳои густариш додани муносибатҳои дуҷониба ва пурсамар истифода бурдани имкониятҳои калони ҳамкории дуҷонибаи мутақобилан судмандро баён намуданд. Аз ҷумла дар мавриди масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи марбут ба соҳаҳои сиёсат, тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия ва фарҳангӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сипас, мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини Раиси Девони Вазирон Боймурод Хоҷамуҳаммедов баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои равобити дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Меҳвари асосии вохӯрии Вазир Ҳ. Зарифӣ ва Муовини Раиси Девони Вазирон - Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи соҳавӣ ташкил дод. Ҷонибҳо ҳамчунин иҷроиши лоиҳаҳои иқтисодиву тиҷоратиро баррасӣ ва роҳҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судмандро муҳокима намуданд.
Ҳамсӯҳбатҳо таъкид бар он доштанд, ки ҷонибҳо ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъда ва боз ҳам фарогиртар гардонидани муносибатҳо, аз имконот ва иқтидори мавҷуда истифода намуда, баҳри идомаи чунин раванди мусбии равобити гуногунҷанба кӯшиши бештар хоҳанд кард.
Дар охири сӯҳбат Ҳамрохон Зарифӣ ҳамтои худро барои боздид аз Тоҷикистон дар вақти ба он ҷониб муносиб даъват намуд. Р. Мередов даъвати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро мусбат пазируфт.
Рӯзи 4 август Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳ. Зарифӣ вохӯрии худро бо Муовини Раиси Девони Вазирон Дерягелди Оразов ҷиҳати баррасии масъалаҳои дуҷониба оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва сохтмон мавриди муҳокима қарор дод. Дар ин самт таваҷҷӯҳи зиёд ҷиҳати татбиқи босамари сохтмони роҳҳои оҳану автомобилгард, сохтмони хатҳои интиқоли нерӯи барқ, пайваст намудани шабакаҳои энергетикӣ ва транзитии кишварҳои минтақа, зоҳир карда шуд.
Нимаи дуюми рӯз вохӯрии Ҳ. Зарифӣ бо Муовини Раиси Девони Вазирон Назаргули Шогулиев барпо гардид, ки дар он ҷонибҳо масъалаҳои инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, дар соҳаи алоқаи байналмилалии роҳи оҳан, кушодани хатсайри ҳавоӣ миёни ду кишвар ва дигар ҳамкориҳои минтақавӣ ва соири масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро муҳокима намуданд.
Вазири корҳои хориҷӣ Ҳ.Зарифи дар вохӯри бо Муовини Раиси Девони Вазирон Оразмурод Гурбанназаров марбут ба муносибатҳои тиҷоратии ду кишвар ва ҷиҳати тақвият дар ин самт, бо истифода аз имкониятҳои мавҷудбуда, кушодани “Хонаи савдо” дар марказҳои ҳарду кишвар, инчунин хариди молу маҳсулотҳои истеъмолӣ тавассути биржаи давлатии молу ашёи Туркманистон баррасӣ намуданд.
Шиносномаи дохилиро гум кардед? Чӣ тавр метавон шиносномаи нав гирифт?
Тотористон барои таҳсили тоҷикистониён дар коллеҷҳо 100 квота ҷудо кард
Ҳамлаи бесарнишинҳо кори фурудгоҳҳои Маскавро ба таъхир андохт
Мушакборони ғарби Сурия ва куштори 16 нафар. Сурия Исроилро гунаҳкор кард
“Вазифа”-и нави Шоҳрух Саидзода чист ва чӣ салоҳият дорад?
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз
Боздошт ва ҳабси чор ҷавон барои муноқиша дар маркази Душанбе
Тоҷикистон “рӯйхати ҷинояткорон”-е, ки дар Туркия қарор доранд, ба ВКД ин кишвар дод
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста