Душанбе. 8-уми август. «Азия-Плюс» — | Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳамчунин ҷараёни баргузории ислоҳот дар бахшҳои кишоварзиву саноати минтақаи ҷануби умҳурӣ ба вилояти Хатлон сафар кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар рафти сафари серӯза сарвари давлат аз шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Ховалинг, Мӯъминобод ва Балҷувону Бохтар боздид карда, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти ба муносибати ҷашни 20-умин солгарди истиқлол бунёдгардида иштирок хоҳад кард.
Ҳамчунин иштирок ва суханронии президенти Тоҷикистон дар маҷлиси фаъолони шаҳру навоҳии номбурда дар назар аст.
Ба қавли манбаъ, дар ҷараёни вохӯриҳои президенти кишвар бо намояндагони бахшҳои гуногуни кишоварзиву иқтисод ба масъалаи таъмини амнияти ғизоӣ, баргузории кишти такрорӣ ва рушди имконоти саноатии минтақа таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад гардид.
Тавре дар боло зикр кардем, сарвари давлат нахуст аз шаҳри Кӯлоб боздид мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев хабар дод, дар ин шаҳр Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 7 иншоот ва хишти аввал гузоштан ба оғози бунёди иншооти нав иштирок мекунад. «Дар микрорайони 16-ум президент ба оғози сохтмони гиназияи президентӣ барои 1200 нафар ҷой ҳусни ифтитоҳ мебахшад», - гуфт ӯ.
Ҳамчунин бо иштироки сарвари давлат маросими ифтитоҳи 4 иншооти бахши маориф сурат мегирад, яке аз онҳо ба фаъолият шурӯъ кардани мактаби нав барои фарзандони оилаҳои аз офати табиӣ (дар моҳи апрел-майи соли 2010) осебдида буда, аз бюҷети ҷумҳурӣ баҳри сохтмони он 12 млн. сомонӣ ҷудо гардида буд. Ҳамчунин барои таҷдиди мактаби № 27, бинои дуюми мактаби №30 ва бинои дуюми коллеҷи омӯзгорӣ низ на камтар аз 10 млн. сомонӣ маблағҳои бюҷетӣ ҷудо гардиданд.
Ҳ. Абдуллоев инчунин зикр кард, ки сарвари давлат дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи дӯзандагӣ дар заминаи собиқ корхонаи пойафзолдӯзӣ ва чорабиниҳои идона ба муносибати кушодани кӯли сунъӣ дар ноҳияи Кӯлоб низ иштирок хоҳад кард.
Шиносномаи дохилиро гум кардед? Чӣ тавр метавон шиносномаи нав гирифт?
Тотористон барои таҳсили тоҷикистониён дар коллеҷҳо 100 квота ҷудо кард
Ҳамлаи бесарнишинҳо кори фурудгоҳҳои Маскавро ба таъхир андохт
Мушакборони ғарби Сурия ва куштори 16 нафар. Сурия Исроилро гунаҳкор кард
“Вазифа”-и нави Шоҳрух Саидзода чист ва чӣ салоҳият дорад?
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз
Боздошт ва ҳабси чор ҷавон барои муноқиша дар маркази Душанбе
Тоҷикистон “рӯйхати ҷинояткорон”-е, ки дар Туркия қарор доранд, ба ВКД ин кишвар дод
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста