21 августи соли 2011 дар ш. Берлин Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Рӯзи дарҳои кушодаи Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди ин кишвар иштирок намуд.

Тавре аз департаменти иттилооти ВАзорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, чорабинӣ бо иштироки Вазири федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон Дирк Нибел, Котиби давлатии ин вазорат Ханс-Юрген Беерфелс, роҳбарони корпуси дипломатӣ, ки дар Берлин сабти ном шудаанд, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалие, ки дар ҳошияи дастгирии молиявӣ ва техникии ҳукумати Олмон дар соҳаи рушд фаъолият доранд, баргузор гардид.

Дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ Сафорат гӯшаи «20 соли рушди мустақил ва ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон»-ро бо намоиши филмҳо ба забони олмониву англисӣ, ки дар бораи табиати аҷоиб, урфу одат ва анъанаҳои халқи тоҷик, иқтидори бузурги сайёҳии ҷумҳурӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин роҷеъ ба марҳилаҳои асосии тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол, дигаргуниҳои сиёсиву иқтисодӣ дар кишвар маълумот медиҳанд, ташкил кард. Аз гӯшаи бахшида ба таърихи рушди мустақили кишвари мо шахсан Котиби давлатии Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон Ханс-Юрген Беерфелс дидан намуд.

 Иштироки Тоҷикистон дар чорабинии Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон имкон дод, то ҷомеаи аврупоӣ бо дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи истиқлолият ва дурнамои рушди он ҳамаҷониба шинос шавад.

Сокинон ва меҳмонони пойтахти Олмон бо офаридаҳои як қатор рассомон ва аксбардорони муосири Тоҷикистон, ки фарҳанг ва хусусияти миллати тоҷикро тасвир мекунанд, низ ошно шуданд.