Рӯзи 31 августи соли 2011 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев баргузор гардид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар оғози сӯҳбат Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ барои кори фаъол ва самараноки анҷомдодашуда ҷиҳати омодагӣ ба ҷаласаҳои дарпешистодаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ изҳори сипос намуд. Ӯ аҳамияти афзори ҳамкории сарони давлатҳо ва вазирони корҳои хориҷиро дар чаҳорчӯби ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ барои афзоиши самаранокии фаъолияти Иттиҳод таъкид сохт.
Вазир Ҳ. Зарифӣ қайд кард, ки мулоқоти мазкур барои хулосабарории корҳои муштараки омодагии марбут ба қисми ташрифотӣ ва мӯҳтавои ҷаласаҳо дар остонаи чорабиниҳои пешбинишуда дар чаҳорчӯби Иттиҳод имконияти хубе фароҳам меоварад. Ӯ инчунин таъкид кард, ки ҷаласаҳои мазкур дар соли ҷашнии Иттиҳод барпо мегарданд ва ҷониби Тоҷикистон корҳои ҷиддиро барои гузаронидани ин чорабиниҳо дар сатҳи муносиб ба анҷом расонидааст.
Дар навбати худ С. Лебедев аз ҳолати омодагии Тоҷикистон ба гузаронидани ҷаласаҳои дарпешистода ибрози қаноатмандӣ намуда, ба Вазир Ҳ. Зарифӣ барои таъмини шароитҳои зарурӣ ҷиҳати гузаронидани ҳарду чорабинӣ дар сатҳи баланди тадорукотӣ ва мундариҷавӣ изҳори миннатдорӣ кард. Ҳамчунин ӯ тазаккур дод, ки Кумитаи иҷроияи ИДМ дастгирии ҳукумати кишвар ва сохторҳои дахлдорро дар самти мусоидат ба ҳалли тамоми масъалаҳои марбут ба гузаронидани чорабиниҳои Иттиҳод дар шаҳри Душанбе ҳис карда истодааст.
Зимни мулоқот ҷонибҳо инчунин рӯзномаи ҷаласаҳоро баррасӣ намуда, оид ба имзошавии як қатор санадҳо дар ҳошияи ҷаласаҳо табодули афкор доир карданд.




Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста