Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, ки барои иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия - Чоргонаи Душанбе ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрпаҳлўи ду кишвари дўсту ҳамсоя баррасӣ шуд.
Таваҷҷўҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои сершумори миёни Тоҷикистону Афғонистон имзошуда зоҳир гардид, аз ҷумла доир ба пайвастани шабакаҳои нақлиётию барқӣ ба хотири боло бурдани иқтидори транзитии ҳарду кишвар.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи 5 соли охир ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Афғонистон бо шарофати ифтитоҳи пулҳои мошингарди пайвандсози ду кишвари дўст 20 баробар афзоиш ёфт.
Дар ин росто зарурати пурра ба истифода додани хатти интиқоли барқи Сангтўда - Қундуз – Пулихумрӣ ва фаъол намудани гузаргоҳҳои иловагии сарҳадӣ миёни ду кишвар, аз ҷумла гузаргоҳҳои Кокул – Ойхонум ва Калдор - Айваҷ таъкид гардид.
Барои тақвияти ин тамоюлоти накў фаъолияти босамартари Комиссияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ - тиҷоратӣ ва густариши бештари равобити вазоратҳои корҳои хориҷӣ, парлумонҳо ва мақомоти давлативу идории ду кишвар матлуб дониста шуд.
Вобаста ба нақшаҳои тадриҷан аз Афғонистон хориҷ шудани нерўҳои байналмилалии посдори сулҳ ҳамгироии бештар ва ҳамоҳангии кори сохторҳои низомӣ, марзбонӣ ва амниятии Тоҷикистону Афғонистон ба хотири тақвияти мубориза бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зарур шумурда шуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба рўзномаи мулоқоти сарони давлатҳои Чоргонаи Душанбе, омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврўзи Ориён – 2012 дар шаҳри Душанбе ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугўйи судманд сурат гирифт.
Баъди мулоқот бо иштироки сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳомид Карзай дар шаҳри Душанбе бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
Дар ин маросим, ҳамчунин намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва меҳмонони сершумори дигар низ ширкат доштанд.
Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳомид Карзай ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба дурнамои муносиботи дўстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории бисёрсоҳаи ду кишвар баҳои баланд доданд.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста