Дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вохӯрии мудири кули кишварҳои муштаракулманофеъ ва ҳамсояҳои шимолу ғарби вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Ирон ҷаноби Муршидзода ва намояндаи дигари ин вазорат ҷаноби Наҷафӣ бо раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ баргузор гардид.
Тавре аз шӯъбаи равобити байнулмилалии ҲНИТ хабар доданд, ин намояндагон, ки дар ҳайати раисҷумҳури ин кишвар ба Тоҷикистон сафар кардаанд, пеш аз ҳама даргузашти узви Раёсати Олии ҲНИТ Сабзалӣ Шариповро ба раис ва аъзоёни ҳизб таслият гуфтанд ва барои шодии рӯҳи эшон дуо карданд. Дар идома онҳо сафари Маҳмуди Аҳмадинажодро ба Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, умедворӣ намуданд, ки дар оянда ҳамкориҳои ду кишвар беҳтар хоҳад шуд.
Дар навбати худ раиси ҲНИТ ҳам сафари президент Аҳмадинажодро ба кишварамон дар арафаи ҷашни истиқлол муҳим хонд ва аз мавқеъгириҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Исломии Ирон дар масоили муҳими кишварамон изҳори ташаккур намуд. Устод Кабирӣ таъкид намуд, ки мо аз сиёсатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Исломии Ирон сипосгузорӣ мекунем, махсусан дар мавриди НБО Роғун, ки барои манфиати миллати мо бисёр пураҳамият аст. Инчунин кушодашавии қисмати авали НБО Айнӣ ҳам як навиди хуш барои мардуми Тоҷикистон аст.
Раҳбари ҲНИТ ёдовар шуд, ки мо дар масоиле, ки ба нафъи миллат ва кишварамон бошад ҳамеша дар канори масъулони кишварамон ҳастем ва ба онҳо ба андозаи тавонамон кумак хоҳем кард. Аммо ҳар вақт сиёсатеро мухолифи манофеъи миллӣ ва динии кишвар бибинем мухолифати худро ҳам ошкор баён хоҳем намуд ва то имрӯз ҳам баён кардаем.
Аммо ин ба маънои он нест, ки мо бо масъулини кишварамон душманӣ дорем, балки ин воқеияти рақобати сиёсӣ ва ҳизби мухолиф будан аст.
Аммо дар мавриди масоили минтақавӣ бошад тарафҳо бар он таъкид намуданд, ки вазъияти кунунии ҷаҳон бисёр печида ва буғранҷ аст, бинобарин набояд дар чунин шароите зиракии сиёсиро аз даст дод. Бояд ҳамеша ҷониби эҳтиётро риоят намуд. Зеро ҳар ҳаракати иштибоҳ ва носанҷида метавонад сабаби мушкилоти дигаре дар минтақа ва ҷаҳон шавад.
Ҷаноби Муршидзода барои равшан шудани мавқеъи Ирон дар баробари Сурия таъкид кард, ки мо мухолифи ҳар гунна саркуб ва хушунат ҳастем. Фарқе намекунад, ки он Сурия аст ё Баҳрайн. Аммо вазъияти Сурия аз дигар кишварҳо мутафовит аст. Зеро он дар сафи авали мубориза бо Исроил қарор дорад. Ба ҳамин хотир ба фикри нооромиҳои дохилӣ дар ин кишвар набудааст. Сурия ҳатто пулис надорад. Ба ҳамин хотир вақте эътирозоти мардум густариш пайдо кард, онҳо аз артиш истифода карданд, ки кори дурусте набуд. Зеро мо муътақидем, ки куштани як нафар баробар бо куштани тамоми инсонҳост ва гуноҳи бузургест.
Аммо шароити Сурия ҳам бояд дуруст омӯхта шавад. Ҳамчунин бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки баъд аз пирӯзииинқилобҳои мардумӣ дар кишварҳои исломӣ бархе гурӯҳҳо дар паи ба вуҷуд овардани ҷараёнҳои хоссе ҳастанд. Мардуми ин кишварҳо набояд ба ин масоил бетаваҷҷӯҳ бошанд.
Дар охир Ҷаноби Муршидзода наҳзати исломиро намунаи хуби исломи мӯътадил унвон кард ва барои он орзуи муваффақият намуд.
Беш аз 22 млн сомонӣ. Ҳизбҳои ба парлумон роҳёфта аз буҷаи давлат чанд сомонӣ мегиранд?
Соҳибтаҷрибае бо донишҳои муосир мусаллаҳ. Рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён 65-сола шуд
Дар семоҳаи аввали сол ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон кам шуд
“Охирин монеа бартараф шуд”. Толибон аз қарори хориҷи номи ин гурӯҳ аз рӯйхати созмонҳои мамнӯи Русия истиқбол карданд
Дар Тоҷикистон 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Як духтари 10-сола дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Наздиконаш барои дарёфти ӯ мадад мепурсанд
Муборизаи 128 варзишгар барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе
“Парасту-2025”. Намоишномаҳои “Ахтаре дар Хатлонзамин” ва “Келини ҷойдорӣ” ба бинанда чӣ паём доштанд?
"Толибон" дар Русия дигар созмони террористӣ нест. Додгоҳ ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонҳои мамнуъ берун кард
Муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон ба буҷаи Русия 2,5 млрд рубл фоида овардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста