Дар Ню-Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини Дабири кулли СММ ва муовини Маъмури Барномаи рушди СММ Ребекка Гринспан баргузор гардид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот раванди татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, дурнамои ҳамкориҳо бо ниҳоди мазкур ва лоиҳаҳои фаромарзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамрохон Зарифӣ аз хонум Гринспан ҷиҳати боздид аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти дафтари Барномаи рушди СММ дар кишвар ва муҳокимаи ҳамкориҳои минбаъда бо ниҳодҳои дахлдори ҷумҳурӣ даъват ба амал овард.
Ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Словения Самуэл Жбогар мулоқот намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои равобити дуҷониба ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, зимни мулоқот дар мавриди вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон табодули назар сурат гирифт.



"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста