Дар нишасти хабарӣ раиси тозаинтихоби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддини Кабирӣ дар ҷамъи рӯзномангорон изҳор кард, ки ба сифати раиси ҳизб дубора интихоб шудани ӯ тасмими раёсат ва вакилони анҷуман аст.
«Мутобиқи Оинномаи ҳизб пешбарии номзадҳо ба раисии ҳизб ҳуқуқи истисноии раёсат аст ва раёсат танҳо як нафар номазадро ба ин мансаб пешбарӣ менамояд», - гуфт М. Кабирӣ дар посух ба суол дар бораи пешбарӣ нагардидани дигар номзадҳо ба ин мансаб.
«Дар ҲНИТ 10 нафаре мавҷуданд, ки метавонанд ҳизбро идора кунанд. Бинобар назардошти вазъи ҷумҳуриву минтақа ва сарусадоҳои атрофи ҳизб, раёсат пешбарӣ кардани номзадии маро ба маснабаи раиси ҳизб мувофиқи мақсад донист. Аммо дар ҳизб шахсоне мавҷуданд, ки дар баробари ман метавонистанд ба ин вазифа пешбарӣ шаванд», - афзуд раиси ҲНИТ.
Ёдрас мекунем, ки дар Анҷумани 9-уми ҲНИТ, ки рӯзи 24-уми сентябр доир гардид, Муҳиддини Кабирӣ барои чаҳор соли минбаъда раиси ҳизб интихоб гардид.
ҲНИТ ягона ҳизби тамоили динидошта дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Дар Тоҷикистон пас аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҲНИТ дуюмини ҳизби бонуфуз дар кишвар ба шумор меравад.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста