Дар остонаи ҷаласаи 10-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё дар Қувайт мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Котиби Парлумон, муовини Вазири корҳои хориҷии Япония Казуюки Хамада баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи кунунии ҳамкорӣ миёни ҳарду кишвари дӯстро бо қаноатмандӣ қайд намуданд.

 Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Япония дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз ҷумла бо Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), изҳори омодагӣ кард.

 Ҳамзамон, дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрсамта, бахусус фаъолияти нахустин ширкати муштараки дорусозии Тоҷикистону Япония «Аввалин» мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.