Дар таърихи 20-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти созмон Владимир Зайнетдинов хабар дод, дар ин хусус зимни мулоқоти қаблӣ рӯзи 12-уми август дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона мувофиқа ҳосил шуда буд. Айни замон рӯзномаи мулоқоти сарони ҳафт кишвари узви созмон таҳия мешавад.

Ба гуфтаи сухангӯи созмон, ба сарони кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон даъватномаҳои дахлдор ирсол шудаанд.

Қабл аз мулоқоти сарони кишварҳои узви созмон ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Кумитаҳои котибони шӯрои амният ва Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви созмон баргузор мешавад.