Шоми 20 октябр Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Алии Лориҷонӣ дидору гуфтугӯ кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданнд, дар ҷараёни ин мулоқот Шукурҷон Зуҳуров ба ҷаноби Алии Лориҷонӣ барои пазируфтани даъвати ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ташриф оварданаш ба кишвари мо изҳори сипос намуд.

Сипас ҷонибҳо ба баррасии масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳашон пардохтанд. Дар ҷараёни ин дидор бештар ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон ба ҳамтои эронии худ дар бораи фаъолияти парлумони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, таъкид намуд, ки заминаи ҳуқуқӣ ва қонунии тамоми пешрафтҳои иқтисодиву сиёсие, ки дар кишвари мо тайи солҳои охир ба вуҷуд омадаанд, тавассути вакилони даъватҳои гузашта ва ҳозираи Маҷлиси намояндагон фароҳам оварда шудааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки аҷдоди мардуми тоҷику эронӣ дар бунёдгузории фарҳангу тамаддунҳои куҳани башарӣ саҳми муносиб гузоштаанд. Муҳаққиқони таърих чунин назар доранд, ки аҷдоди халқҳои тоҷику эронӣ дар гузаштаҳои дури таърихӣ умумияти ягонаи қавмиву забонӣ доштаанд. Агарчанде Тоҷикистону Эронро муштаракоти таърихиву фарҳангӣ бо ҳам пайванди ногусастанӣ бахшида бошад ҳам, танҳо дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоиди ҳамкориҳои тамоми бахшҳои иқтисодиву фарҳангӣ миёни ин ду кишвар фароҳам омад. Имрӯз тоҷикону эрониён ҳар яке кишварҳои ҳамдигарро ватан ва хонаи дуввуми худ мешуморанд. Устод Рӯдакиву Мавлавии Балхӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Ҳаким Умари Хайёму Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозиву Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ва дигар саромадони олами адаб ҳамчун бузургони адабиёти ҳар ду кишвар муаррифӣ мегарданд. Ин суханон агарчи солҳост аз забонҳо ва маҳфилҳо такрор меёбанд, аммо самимият ва дурахшу ҷилояшон ҳеҷ гоҳе коста нахоҳад гардид.

Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки мардуми Тоҷикистон ёриву дастгирии эрониёнро дар бахшҳои гуногуни фарҳангиву иқтисодии Тоҷикистон фаромӯш нахоҳанд кард. Бори дигар ёдовар шудан бамаврид аст, ки баъди ба истиқлолияти давлатӣ соҳиб шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон равобити ҳамаҷонибаи миёни давлатҳоямон бештар густариш ёфт. Ҷумҳурии Исломии Эрон аз нахустин кишварҳоест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро соли 1992 ба расмият шинохта, муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. Нақши Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчун миёнҷӣ дар бунёд ва истиқрори сулҳу ваҳдати миёни тоҷикон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хеле арзишманд аст. «Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати густариши равобити иқтисодӣ ва дигар бахшҳо ҳама гуна шароит ва заминаи ҳуқуқӣ вуҷуд дорад», - гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва илова кард, ки ҳоло байни кишварҳоямон як силсила санади ҳамкорӣ ба имзо расида, корхонаҳои зиёди муштарак дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Дар ин замина ҳаҷми умумии савдои хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир хеле афзоиш ёфтааст. Марказҳои фанниву фарҳангӣ, хайриявӣ ва кӯмакҳои Кумитаи Имдоди Имом Хумайниро ба эҳтиёҷмандон дар Тоҷикистон ҳама медонанд.

Тавре огоҳӣ доред, - афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон, мо дар сафарамон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон моҳи декабри соли 2010 бо Роҳбарияти воломақоми Ҷумҳурии Исломии Эрон, вазирон, раиси вилояти Хуросон мулоқот доштем ва дар натиҷагирии ин мулоқотҳо таъкид гардид, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илму фарҳанг, сармоягузорӣ ва ғайра густариш дода шуда, хусусан ин ҳамкориҳо бо вилояти Хуросон - нуқтаи наздиктарини Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Тоҷикистон ҳарчи бештар бояд амалӣ карда шаванд. Мо ҷиҳати ҷараён бахшидани фаъолияти шартномаҳое, ки миёни вазорату муассисаҳои Тоҷикистону Эрон баста шудаанд, тавсияҳои худро бо назардошти як силсила тадбирҳо дар бахши ҳамкориҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату муассисаҳои марбута ирсол намудаем.

Шукурҷон Зуҳуров бо ибрози қаноатмандӣ таъкид намуд, ки мардуми тоҷик дар ҳассостарин ва душвортарин лаҳзаҳо аз кӯмак ва дастгириҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон бархӯрдор буд ва имрӯз низ шоҳиди идомаи иқдомоти неки ин кишвари бародар аст. Дастовардҳои бародарони эронӣ дар тамоми бахшҳои ҷомеаи кишвар боиси сарфарозии мардуми тоҷик мебошад. Танҳо равобити воқеан дӯстонаву самимона ва дипломатияи солим метавонад мавқеи моро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намояд. Қобили тазаккур аст, бигӯем, ки саҳми мо дар тамаддуни ҷаҳони муосир ҷилои собиқаашро аз даст надодааст. Имрӯз дар садаи бисту якум мардумони эронинажод дар назди дастовардҳои бузурги ниёгонашон дар тамаддуни ҷаҳонӣ масъулияти гароне ба дӯш доранд. Ин рисолатро мо метавонем муштаракан амалӣ намоем. Мо масоили марбут ба забони ягона, фарҳанг ва адабиёти ягонаро дар муносибатҳои хеш бояд бештар рӯи кор оварем. Ҳуввияти таърихию фарҳангии тоҷику эронӣ ҷудоинопазир аст. Эҳё намудани ҳуввияти муштарак ниёз ба ҳамкориҳои ҳамаҷониба дорад. Итминони комил дорем, ки ин гуна падидаҳои муҳими фарҳангӣ баҳри таҳкими робитаҳои мо, ҳамкориҳои мусбати самарабахш ва шинохти комёбиҳои эҷодӣ, таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистону Эрон мусоидати комил менамоянд. Муносибатҳои байнипарлумонии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон низ тайи солҳои охир хеле густариш ёфтанд. Дар давоми фаъолияти даъвати нави Маҷлиси намояндагон миёни ҳайатҳо ва шахсиятҳои воломақоми парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон чандин мулоқоту сӯҳбатҳо баргузор гардид. Аз ҷумла сафари ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон моҳи ноябри соли 2010 ҷиҳати тақвият ёфтани равобити байнипарлумонии миёни ду кишвар нақши муҳим бозид. Дар парлумонҳояи ҳарду кишвар гурӯҳҳои дӯстӣ ташкил ёфтаанд.

Мо аз ин сафари Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар раъси як ҳайати бонуфузи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон дар бахши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ва тавсеъа ёфтани муносиботи иқтисодиву фарҳангӣ пешомадҳои хеле хуберо интизор дорем. Раиси Маҷлиси намояндагон изҳор дошт, ки парлумони Эрон, ки собиқаи зиёда аз садсола дорад, дар бахши қонунгузорӣ дорои таҷрибаи ғанӣ мебошад. Мо мехоҳем аз таҷрибаи дӯстони эронӣ бештар бархурдор бошем. Масалан барои мо ҷолиб аст, ки ба фаъолияти Пажӯҳишгоҳи қонунгузории Парлумони Шумо ошноӣ пайдо карда, чунин таҷрибаро дар Парлумони худ амалӣ намоем. Дар бахши забони қонунҳо низ мо ба омӯзиши таҷрибаи Маҷлиси шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ниёзманд ҳастем. Умедворам ҳамкориҳои мо дар оянда дар бахшҳои мазкур судманд хоҳад буд. Шумо ҳамчун олими файласуф ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи илм ва сиёсат дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар кишварҳо, аз ҷумла дар кишвари мо низ маъруфу машҳуред. Итиминони комил дорам, ки Шумо ҷиҳати дар оянда ҳам ҷиҳати бештар густариш ёфтани равобити ҳамаҷониба миёни кишварҳоямон хидматҳои арзишманде хоҳед кард.

Раиси Маҷлиси шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Алии Лориҷонӣ низ густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии кишвараш бо Тоҷикистонро аз муҳимтарин аҳдофи сафари худ ба мамлакати мо арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки мавҷуд будани муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва мазҳабӣ байни ду миллати бародари тоҷику эронӣ барои таҳкими чунин ҳамкориҳо заминаи фаровонро фароҳам меорад. Дар мулоқот ҳамчунин бар зарурати истифода аз таҷрибаи якдигар дар заминаи таҳия, эҷод ва қабули қарору қонунҳо ва дигар санадҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ таъкид шуд.

Доктор Алии Лориҷонӣ сафари худ ва ҳайати ҳамроҳонаш ба Тоҷикистонро сафари руъёӣ номида, изҳор дошт, ки барои ман ва ҳайати эронӣ боиси сарфарозӣ аст, ки аз чунин кишвари зебое мисли Тоҷикистон боздид дорем ва мо умедвор ҳастем, ки ин сафар паёмадҳои хубе барои таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи ҳарду кишвар хоҳад дошт. Роҷеъ ба ҳамкориҳои байнипарлумонӣ Раиси Маҷлиси шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ишора намуда, таъкид кард, ки дар назди Маҷлиси шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон як маркази пажӯҳишӣ фаъолият мекунад, ки тамоми лоиҳаҳои қонунҳои пешниҳодшударо таҳрири ҷиддӣ карда, сипас барои тасвиб ба Маҷлис пешниҳод менамояд. Дар ин замина метавон бо Маҷлиси намояндагон ҳамкориро вусъат дода, барои таҳия ва қабули қонунҳои боз ҳам сифатнок ва пурмазмуну содда замина фароҳам ояд.

Мавсуф изҳор дошт, ки бояд байни кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкориҳои ҳасана ба роҳ монда шавад, зеро фаъолияти асосии парлумонҳо дар асоси кори ҳамин кумитаҳо анҷом мегирад. Аъзои кумитаҳои парлумонҳои ҳарду кишвар дар заминаи тақвияти ҳамкориҳо, ҳамчунин аз таҷрибаи якдигар низ ба таври фаровон истифода хоҳанд кард. Алии Лориҷонӣ дар бораи ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ бошад, таъкид намуд, ки ду донишгоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла донишгоҳҳои «Озод» ва «Паёми нур», ки ба омода кардани мутахассисони соҳаи техника ва технология машғул ҳастанд, омодаанд, ки намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намоянд.

Ҳарду ҷониб аз сатҳи равобити байнипарлумонии миёни кишварҳояшон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон хостори боз ҳам ривоҷу равнақ ёфтани ин муносибот шуданд.

Дар поёни мулоқот Ёддошти тафоҳуми ҳамкории парламентӣ байни Маҷлиси шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Шукурҷон Зуҳуров ва доктор Алии Лориҷонӣ, раисони ҳарду Маҷлис, ба имзо расид.