Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, намояндаи мардумӣ дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ бо даъвати Алиакбар Вилоятӣ, Дабири кулли Созмони байналмиллалии «Бедории исломӣ» ба Техрон сафар намуда, бо Алиакбар Вилоятӣ гуфтушунид кард.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрон конфронси аввали бедории исломӣ бо ширкати бештар аз 800 андешаманд ва сиёсатмадори ҷаҳони ислом баргузор гашта буд, ки Теҳрон мақарри ин созмон ва Вилоятӣ Дабири кулли он интихоб шуданд. Раҳбари ҲНИТ ҳам дар шӯрои марказии ин созмон узвият дорад.

Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, дар вохӯрии раиси ҲНИТ бо Алиакбар Вилоятӣ   масоили гуногуни марбут ба фаъолияти минбаъдаи созмон ва истифодаи имконоту потенсиали ин созмони байналмиллалии ғайриҳукуматӣ ба нафъи миллатҳо ва кишварҳо баррасӣ гашт.  Тарафҳо ба хулоса омаданд, ки намояндагони ҲНИТ ва дигар созмонҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар фаъолияти сохторҳои гуногуни Созмони «Бедории исломӣ» ширкати фаъол дошта бошанд.