Чанде қабл дар пойтахти Украина – шаҳри Киев вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шуҳрат Султонов бо Раиси Комиссияи байниҳукуматӣ аз Украина оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Вазири рушди минтақавӣ ва сохтмони Украина Анатолий Близнюк баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни сӯҳбат масоили муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина баррасӣ шуданд. Таваҷҷӯҳи хосса ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки сафари расмии дар таърихи 15-16-уми декабри соли равон пешбинишудаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина дар таърихи муносиботи Тоҷикистону Украина саҳфаи нав боз намуда, ба рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Сафир Ш. Султонов ҳавасмандии Тоҷикистонро дар истифодаи иқтидори бузурги Украина баҳри робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодии ду кишвар, роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, рушди минбаъдаи корхонаҳои муштарак иброз намуд. Сарфи назар аз он, ки дар нимсолаи аввали соли 2011 дар муқоиса бо ҳамон давраи соли гузашта афзоиши гардиши мутақобилаи бозаргонӣ ба 43 % расонида шуда, дар маҷмӯъ, ба ақидаи дипломат, ҳаҷм ва сатҳи ҳамкории дуҷониба ба имконоти мавҷуда хеле мутобиқ нестанд.

 Ҷиҳати фаъолгардонии минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ, муайянсозии самтҳои мушаххаси густариши муносиботи дуҷониба дар рафти мулоқот салоҳ дониста шуд, ки оғози моҳи декабри соли 2011 дар шаҳри Киев III ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ барпо карда шавад.