Президенти Русия Дмитрий Медведев зимни мулоқот бо блогерҳо изҳор кард, ки ба низоми судии Тоҷикистон дахолат карданӣ нест, лекин ҳукми содиршуда нисбат ба халабони русиягӣ «нофаҳмиҳои зиёд дорад».
«Ҳукми мазкур ҳам аз лиҳози аломатҳои содир шудани ҷиноят ва ҳам аз нигоҳи ҷараёни баргузории мурофиа нофаҳмиҳои зиёд дорад. Аз ин рӯ, мо посухи расмии Тоҷикистонро, ки бо он муносибатҳои дӯстонаву ҳамкорӣ дорем, интизор мешавем ва сипас натиҷагириву қарор қабул хоҳем кард. Қарорҳо бошанд, метавонанд ҳар гуна бошанд», - гуфтааст ӯ дар посух ба суоли блогерҳо дар ин маврид.
Ӯ зикр кардааст, ки ба Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати адлия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бобати расидагӣ кардан ба ин масъала супоришҳои дахлдор додаст. «Ман ба онҳо супориш додам, ки ба ин кор ҷиддӣ машғул шаванд. Онҳо бояд бо намояндагони мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфтушунид кунанд», - афзудааст Дмитрий Медеведев.
Қаблан нашрияи ВЗГЛЯД хабар дода буд, ки як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров кӯшиш дорад, ки дар робита ба ин масъала бо ҳамтои тоҷики худ тамоси телефонӣ бигирад, вале ин ба ӯ то ҳол муяссар нашудааст.
Ёдрас мекунем, ки додгоҳи Қӯрғонтеппа ду халабони ширкати «Ролкан Инвестмент ЛТД» - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро ба даҳуним соли зиндон маҳкум карда, бо истифода аз қонуни афви Тоҷикистон, мӯҳлати ҷазои онҳоро ду солӣ кам – то ҳаштунимсолӣ таъин кард.




Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста